Ҳунарманде, ки саҳнаву синамои тоҷикро бо ҳам пайваст (видео)
15 август зодрӯзи ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамои тоҷик Раҷаб Ҳусейнов аст. Ӯ соли 1941 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, аз ҳунармандоне буд, ки тӯли чанд даҳсола дар рушди театру синамои тоҷик саҳми арзанда гузошт.
Соли 1964 Институти театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро хатм карда, фаъолияти ҳунарии худро дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз намуд. Ӯ то соли 1998 дар ин театр ба ҳайси ҳунарпеша фаъолият карда, баъдан ба Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский пайваст.
Раҷаб Ҳусейнов тӯли фаъолият дар наздики 60 намоишномаи театрӣ нақш офаридааст. Ӯ танҳо бо саҳнаи театр маҳдуд намонд. Истеъдоди ӯро киностудияи «Тоҷикфилм» ва ҳамчунин киностудияҳои Маскав, Ӯзбекистон, Минск ва Афғонистон истифода бурдаанд.
Ӯ дар наздики 50 филми бадеӣ ва телевизионӣ нақш офаридааст. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Раҷаб Ҳусейнов дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ буд. Садои ӯ дар филмҳои зиёди хориҷӣ садо дода, дар рушди мактаби дубляжи тоҷик низ саҳми назаррас гузоштааст.
Раҷаб Ҳусейнов 26 марти соли 2022, дар синни 80-солагӣ, дар шаҳри Санкт-Петербург аз олам даргузашт.
Нақшҳои ӯ дар театр ва синамо, садои шиносаш дар дубляжи филмҳо то имрӯз дар хотираи дӯстдорони санъати тоҷик боқӣ мондааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ