Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии боғи Сомони шаҳри Турсунзода (аксҳо)

14 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ҳоло дар хоҷагӣ майдони умумии токзори ҳосилдиҳанда наздики 500 гектар аст. Дар хоҷагии деҳқонии боғи Сомон 10 навъи ангур, аз ҷумла ҳусайнии сафед, сиёҳ, шоҳона, президент ва ғайра парвариш меёбад.

“Шумораи саҳмдорони хоҷагии деҳқонии боғи Сомон зиёда аз 1100 кас буда, дар давраи ҷамъоварии ҳосил то 4 ҳазор сокин ба кори мавсимӣ даъват мешаванд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *