Дар Душанбе ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид (аксҳо)
14 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил карда шуд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе ва тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он дастовардҳои кишоварзон, истеҳсолкунандагон ва ҳунармандони вилоят муаррифӣ гардиданд.










Дар ярмарка аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин маҳслуоти саноатӣ пешниҳод карда шуд. Меваю сабзавот, картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, маҳсулоти полезӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба фурӯш гузошта шуданд.
Фаровонии маҳсулот дар ярмарка аз рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва имкониятҳои васеи истеҳсолии вилояти Суғд шаҳодат дода, барои сокинону меҳмонони пойтахт имкони харидории маҳсулоти тару тоза ва хушсифатро фароҳам овард.
Ҳамзамон, дар растаҳои махсус ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд ба намоиш гузошта шуданд. Маҳсули дастони ҳунармандон, аз ҷумла чакан, гулдӯзӣ, адрасу атлас, кулолгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои суннатӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар бахши дигари чорабинӣ таомҳои миллии тоҷикӣ ба маъраз гузошта шуда, дастархони идона бо хӯрокҳои гуногуни миллӣ, нонҳои суннатӣ, шириниҳо ва дигар маҳсулоти хоси фарҳанги ғизоии мардуми Суғд ороста гардид. Ин бахш анъанаҳои меҳмоннавозӣ ва фарҳанги бойи миллии мардуми вилоятро инъикос намуд.
Дар ин замина, таъкид гардид, ки рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба фароҳам омадани шароити мусоид барои фаъолияти истеҳсолӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат кардааст.
Зикр гардид, ки бо роҳбарӣ ва сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, рушди кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд.
Имрӯз рушди саноату кишоварзӣ дар вилояти Суғд ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фаровонии маҳсулот мусоидат намуда истодааст.
Баргузории ярмарка-фурӯш ва намоиши дастовардҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад. Ин чорабинӣ бозгӯи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушди устувори соҳаҳои гуногун ва саҳми арзандаи мардуми вилояти Суғд дар ободиву пешрафти кишвар мебошад.
Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, бори дигар собит намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат барои рушди иқтисодӣ, ҳифзу эҳёи фарҳанги миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаҳои устувор фароҳам омадаанд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ