Шаҳрисабз – мизбони ҷашнвораи байналмилалӣ

Рӯзҳои 13 – 15 августи соли равон дар шаҳри бостонии Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё, воқеъ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷашнвораи байналмилалии «Кашидадӯзии ироқӣ» баргузор мегардад. Ба гуфтаи дастандаркорони он, ин чорабинӣ ҳифз, рушд ва таблиғи мероси ғании ҳунармандии миллии Ӯзбекистон ва соири кишварҳои иштирокчиро дар меҳвари худ қарор медиҳад.

Гуфта мешавад, дар он ба анъанаҳои кашидадӯзӣ, абрешимбофӣ ва санъати амалӣ, густариши мубодилаи таҷриба миёни ҳунармандон ва омезиши анъанаҳои миллӣ бо тарроҳии муосир ва равишҳои эҷодӣ таваҷҷуҳи асосӣ равона карда хоҳад шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он раиси Иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулҷон Мирзоаҳмедов изҳор намуд, ки ҷашнвора дар баробари 100 нафар ҳунарманди маҳаллӣ, ҳамзамон 23 ҳунармандро аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркия, Туркманистон ва Русия гирди ҳам овардааст.

– Иштироки муштараки ҳунармандони маҳаллӣ ва хориҷӣ дар доираи ин ҷашнвора имкон медиҳад, ки мубодилаи таҷриба, муколамаи эҷодӣ ва рушди шарикии нав миёни мактабҳои кашидадӯзии вилоятҳои гуногуни Ӯзбекистон ва кишварҳои иштирокчӣ ба роҳ монда шавад, – қайд намуд Р. Мирзоаҳмедов.

Вай афзуд, ки қисми зиёди меҳмонони хориҷиро аҳли ҳунари Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Расулҷон Мирзоаҳмедов дар робита ба интихоби шаҳри бостонии Шаҳрисабз ҳамчун мизбони ҷашнвора гуфт, ки он мустақиман бо анъанаҳои чандинасраи ҳунармандии ин шаҳр алоқаманд аст. Зеро Шаҳрисабз аз қадимулайём ҳамчун яке аз марказҳои муҳими ҳунармандӣ шинохта шуда, мактаби кашидадӯзии «Ироқӣ»-и он бо усулҳои беназир, нақшу нигор ва ҳамоҳангии рангҳои худ фарқ мекунад.

Ногуфта намонад, ки шурӯъ аз 13 август маросими бошукӯҳи ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ, ярмаркаи миллии ҳунарҳои дастӣ, намоиши санъати амалии мардумӣ ва дарсҳои устодӣ баргузор мешаванд. Ҳамчунин, муаррифии намунаҳои мактаби кашидадӯзии ироқӣ дар Шаҳрисабз ва вохӯриҳои эҷодӣ бо иштироки устодон дар назар аст.

Ҳоло дар баробари осори ҳунармандони минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон, корҳои эҷодии иштирокчиёни хориҷӣ низ дар майдончаи намоишгоҳ ба маъраз гузошта шудаанд. Меҳмонон имкон доранд, ки бо анъанаҳои гулдӯзӣ, нақшу нигор ва санъати ороишии кишварҳои гуногун, маҳсулоти миллӣ ва равишҳои муосири тарроҳӣ аз наздик ошно шаванд.

Рӯзи 14 август чорабиниҳо бахшида ба масъалаҳои илмӣ ва амалии санъати кашидадӯзӣ идома меёбанд. Аз ҷумла, конфронси илмию амалӣ дар мавзуи «Равишҳои анъанавӣ ва эҷодӣ ба рушди санъати кашидадӯзии Ӯзбекистон ва соири кишварҳо» ва форум дар мавзуи «Дурнамои рушди санъати кашидадӯзии анъанавӣ ва матоъҳои абрешимӣ» барномарезӣ шудаанд.

Дар ин форум олимон, санъатшиносон, тарроҳон, ҳунармандон, коршиносон ва мутахассисони ватаниву хориҷӣ иштирок мекунанд. Дар он масъалаҳои ҳифз ва рушди кашидадӯзии анъанавӣ, пайванди он бо саноати муосири тарроҳӣ ва эҷодӣ, роҳҳои ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти миллӣ ва афзоиши иқтидори содиротӣ баррасӣ мешаванд.

Марҳилаҳои асосии озмуни «Ҷилои кашидадӯзии абрешимӣ» низ идома хоҳанд ёфт. Гуфта мешавад, кашидадӯзон ва тарроҳоне, ки дар марҳилаҳои минтақавӣ интихоб шудаанд, дар ин озмун иштирок мекунанд.

Дарвоқеъ, ғолибони озмун аз рӯи шаш номинатсия муайян карда мешаванд: «Беҳтарин кашидадӯз», «Кашидадӯзе, ки беҳтарин маҳсулоти эҷодиро офаридааст», «Ҷавони моҳиртарин кашидадӯз», «Соҳибкоре, ки бештарин маҳсулоти кашидадӯзии абрешимиро содир кардааст», «Кашидадӯзе, ки машҳуртарин бренди миллиро офаридааст» ва «Фаъолтарин кашидадӯз, ки шуғли занонро таъмин кардааст».

Дар доираи ҷашнвора намоишгоҳи махсус бахшида ба санъати кашидадӯзӣ ва матоъҳои абрешимӣ ташкил карда мешавад. Дар он намунаҳои гулдӯзии миллӣ, маҳсулоти абрешимӣ, осори этнодизайни муосир, коллексияҳои тарроҳон ва маҳсулоти офаридаи занони ҳунарманд ба намоиш гузошта мешаванд.

15 август барои иштирокчиёни ҷашнвора дар назди ёдгориҳои таърихию фарҳангии Шаҳрисабз барномаи махсуси фарҳангӣ ташкил карда мешавад. Дар охири ҳамон рӯз намоиши либосҳои миллӣ таҳти унвони «Кашидадӯзии ироқӣ — шоҳасари санъати ороишӣ» баргузор мегардад. Пас аз он маросими тантанавии пӯшидашавии ҷашнвора, қадрдонии ғолибону ҷоизадорони озмуни «Кашидадӯзии абрешимӣ» ва барномаи консертӣ баргузор мешаванд.

Дар доираи чорабиниҳо яке аз рӯйдодҳои муҳими байналмилалӣ маросими ба шаҳри Шаҳрисабз додани мақоми «Шаҳри ҳунармандони ҷаҳон» хоҳад буд.

Аз Тоҷикистон дар ин ҷашнвора роҳбари Ассотсиатсияи ҳунармандони вилояти Суғд Салима Каримова, инчунин ҳунармандони маъруф Муҳаббат Раҳмонова, Нигора Насимова, Бибизайнаб Аралова, Наимаҷон Бобоева, Маҳзуна Наманова, Раҳим Розиқов, Мунира Оқилова, Мавҷуда Набиева ва Манзура Мансурова бо маҳсулоти худ иштирок доранд. Аллакай маҳсулоти онҳо мавриди таваҷҷуҳи аъзои ҳайати ҳакамони озмуни ҷашнвора қарор гирифтааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё,
Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *