Насби қариб 70 ҳоҷатхонаи сайёр дар Душанбе (видео)

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 69 ҳоҷатхонаи сайёр насб шудааст, ки қисми зиёди онҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои давлатӣ ва тамринҳои роҳпаймоӣ ба муносибати ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон истифода мешаванд.

Дар ин бора аз шуъбаи беҳдошти коммуналии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе иттилоъ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳоҷатхонаҳои сайёр дар чанд нуқтаи пойтахт, аз ҷумла маконҳои баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва тамринҳои ҷашнӣ ҷойгир карда шудаанд.

Аз ҷумла, дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт, воқеъ дар кӯчаи Таҳмос, 20 ҳоҷатхонаи сайёр, дар майдони «Истиқлол» – 20 адад, дар назди шаҳраки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон – 5 адад ва дар варзишгоҳи «Авиатор» – 6 адад насб шудааст.

Ҳамчунин, дар қисми низомии воқеъ дар минтақаи маҳаллаи «Якум Советский» 10 ҳоҷатхонаи сайёр гузошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *