Барои таҳқири доварон се сармураббӣ аз ширкат дар бозӣ маҳрум шуданд
Кумитаи назорату интизоми Лигаи футболи Тоҷикистон се сармураббии дастаҳои «Истиқлол», «Истаравшан» ва «Парвоз»-ро барои рафтори номуносиб нисбат ба доварон муҷозот кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии «Истиқлол» Виталий Левченко, сармураббии «Истаравшан» Нуъмон Ҳасанов ва сармураббии «Парвоз» Фаррух Ниёзов ҳар кадом ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима шуда, аз ширкат дар се бозӣ маҳрум гардиданд.
Сабаби чунин ҷазо истифодаи суханони қабеҳ нисбат ба доварон дар ҷараёни бозиҳои чемпионати Тоҷикистон гуфта мешавад.
Ҳамчунин, Кумитаи назорату интизом як қатор бозигарони дастаҳои «Хуҷанд», «Вахш» ва «Барқчӣ»-ро барои қоидавайронкунии ҷиддӣ ва кӯшиши таъсири ҷисмонӣ расонидан ба доварон муҷозот кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ