Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли ноқил дар шаҳри Турсунзода

14 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ба шаҳри Турсунзода сафар кард.

Сафари кории Сарвари давлат аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ноқили Турсунзода» ва шиносоӣ бо раванди фаъолияти ин корхонаи нави саноатӣ оғоз гардид.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, корхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати 14 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 3 ҳазору 600 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.

Дар корхонаи навтаъсис феълан 30 навъи ноқили барқӣ истеҳсол мешавад ва дар маҷмуъ имкони истеҳсоли то 100 навъи ноқили аълосифат бо андозаҳои гуногун мавҷуд аст. Дар корхона панҷ хатти истеҳсолӣ насб гардидааст.

Маҳсулоти корхона асосан барои истифода дар шабакаҳои барқии дохили биноҳо пешбинӣ шудааст.

Бо ба истифода додани Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ноқили Турсунзода» 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин гардиданд. Корхона дар се баст фаъолият мекунад.

Дар ҷараёни боздид ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 530 иншооти нав бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Ин нишондод аз нақшаи пешбинишуда бештар буда, тибқи нақша бунёди 460 иншоот дар назар гирифта шуда буд. Дар иншооти нав дар маҷмуъ беш аз 10 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин, дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода 232 километр роҳ мумфарш ва 59 километр роҳи дигар бетонпӯш гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *