Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи зани дар Дарвоз кушташуда изҳори ҳамдардӣ кард
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону наздикони Ятимзода Жасмина, сокини ноҳияи Дарвоз, ки 13 август бар асари тирпарронӣ аз қаламрави Афғонистон ҷон бохт, изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Дар ин бора 14 август дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Дарвоз дастур додааст, ки ба хонаводаи марҳум кӯмаки моддию маънавӣ расонида шуда, тарбия ва нигоҳубини кӯдаки хурдсоли ӯ зери назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дода шавад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, сохторҳои дахлдор таҳқиқи ҳодисаро оғоз кардаанд.
Ҳамзамон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса ба ҷониби Афғонистон ёддошти эътирозӣ ирсол кардааст. Дар он аз ҷониби Афғонистон талаб шудааст, ки дахлнопазирии сарҳади давлатии Тоҷикистонро риоя намуда, барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо чораҳои муассир андешад.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки як зани тоҷик дар пайи тирпарронӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз ҷон бохтааст.
Ба иттилои Sputnik Тоҷикистон, зани ҳалокшуда зодаи деҳаи Шикев буда, дар деҳаи Даштак зиндагӣ мекардааст. Ба бадани ӯ тир расида, зан дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ ҳамчунин хабар дода буд, ки тайи ду рӯзи охир чанд мавриди расидани тирҳои саргардон ба манзили сокинони минтақа ба қайд гирифта шуда, як гулӯлаи миномёт низ ба замини алафзори хушк афтода, боиси сӯхтор шудааст. Гуфта мешавад, ин сӯхтор хисороти ҷиддӣ ба бор наовардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ