Дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти Суғд баргузор шуд
14 август дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони вилояти Суғд баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳ боздид намуда, бо маҳсулоти пешниҳодшуда шинос шуд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маъраз гузошта шуданд.
Чунин намоишгоҳҳо дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт низ баргузор мешаванд.
Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Душанбе, баргузории онҳо дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ