Малика Саидова – аз шуҳрат то сарнавишт (видео)
14 август зодрӯзи овозхони маъруфи тоҷик Малика Саидова аст. Ӯ 58-сола шуд.
Малика Саидова 14 августи соли 1968 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Ӯ худро шогирди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нигина Рауфова медонад ва аз оғози солҳои 1990 ба саҳнаи ҳунари тоҷик ворид шуд.
Дар муддати наздик ба ду даҳсола Малика Саидова яке аз овозхонҳои сермаҳсули кишвар буд. Таронаи «Мусофирӣ» дар иҷрои ӯ соли 1995 шуҳрати зиёд пайдо карда, ҷоизадори «Суруди сол» гардид. Аз сурудҳои ӯ «Ман омадаям», «Ёри ман аз ман ҷудо», «Худоё», «Қисмати ман», «Мегиряд» ва «Санги това» то имрӯз дар фазои мусиқии тоҷик шунида мешаванд.
Аммо тақрибан соли 2009 Малика Саидова ногаҳон аз саҳна канор рафт. Худи ӯ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки матни як таронаи мазҳабӣ ҷаҳонбиниашро дигар карда, ӯро бештар ба тоату ибодат рӯ овард ва саҳнаву таронасароиро тарк кард.
Бо вуҷуди дурӣ аз саҳна, овоз ва таронаҳои Малика Саидова барои насли солҳои 1990 ва 2000 ҳамоно хотирмонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ