Модаре, ки дар марги писар гумонзад буд, афв шуд
Парвандаи Ҳикмат Шодиева, модари Искандар Маликӣ (Шафеиён), корманди собиқи МИҲД-и шаҳри Исфара, ки дар пайи марги писар, келин ва наберааш ба “дар хатар гузоштани ҳаёти наздикон” гумонбар шуда буд, бар асоси Қонун “Дар бораи афв” қатъ гардидааст.
Дар ин бора Муаттар Абдуллозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Додгоҳи шаҳри Исфара 11-уми август зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, қарори қатъи парванда ва озод кардани Ҳикмат Шодиева аз ҷавобгарии ҷиноятӣ 16-уми июл содир шудааст. Аммо санади додгоҳӣ ҳанӯз эътибори қонунӣ пайдо накардааст, зеро ҷониби ҷабрдида – модарарӯси Искандар Шафеиён аз болои он шикоят бурдааст. Интизор меравад, ки парванда дар марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ шавад.
Қаблан додситон барои Ҳикмат Шодиева 6,5 соли зиндон талаб карда буд. Ӯ мутобиқи моддаи 127, қисми 3, банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ ба “дар хатар мондан”-и ҳаёти наздиконаш муттаҳам мешуд.
Ҳодисаи марги Искандар Шафеиён, ҳамсараш Муаттарахон Муҳаммадиева ва духтари 4-солааш Сумаяхон шаби 7 ба 8-уми декабри соли 2025 рух дода буд. Муфаттишон сабаби маргро заҳролудшавӣ аз гази карбон гуфта буданд.
Ҳикмат Шодиева, ки шаби ҳодиса дар хонаи писараш қарор дошт, ба даъват накардани “Ёрии таъҷилӣ” гумонбар шуд. Худи ӯ ин иттиҳомро рад карда, гуфта буд, ки барои наҷоти наздиконаш ҳар кори аз дасташ омадаро анҷом додааст.
Аз Искандар Шафеиён се фарзанд боқӣ мондааст. Ӯ қаблан дар мақомоти давлатии вилояти Суғд фаъолият карда, вазифаи охиринаш мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи МИҲД-и шаҳри Исфара буд. Солҳои охир ба соҳибкорӣ машғул буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ