Соҳибкорони зарардидаи бозори Хоруғ соҳиби мағозаҳои нав мешаванд
Пас аз сӯхтори бозори марказии Хоруғ мақомот барои соҳибкорони осебдида сохтмони нуқтаҳои нави савдоро ба нақша гирифтаанд.
Раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо соҳибкорони зарардида мулоқот карда, мушкилоти онҳоро баррасӣ намуданд.
Ба гуфтаи раиси вилоят, дар шафати бозор иншооти нав бунёд шуда, соҳибкорони зарардида бо мағозаҳо ва дигар шароити зарурӣ таъмин карда мешаванд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои барқарорсозии нуқтаҳои савдо, ҷойгир кардани соҳибкорон ва риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор баррасӣ шудааст.
Бозори марказии Хоруғ рӯзи 28 июл ба коми оташ рафта буд. Бар асари сӯхтор чанд мағоза, ошхона ва ҷойҳои нигоҳдории молу амволи соҳибкорону фурӯшандагон осеб дидаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки сохтмони иншооти нав аз ҳисоби кадом манбаъ маблағгузорӣ шуда, кай ба анҷом мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ