Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш 63 – сола шуд (видео)
13 август зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш аст. Ӯ 63 – сола шуд.
Озарахш – тахаллуси адабии Толиб Каримов аст. Ӯ 13 августи соли 1963 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Соли 1980 ба бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, баъди хатми донишгоҳ фаъолияти касбиашро дар телевизион ва матбуот идома додааст.
Озарахш аз шоирони шинохтаи адабиёти муосири тоҷик буда, муаллифи маҷмуаҳои «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир», «Чархболи Офтоб», «Девони ишқ», «Ватаннома», «Ояндаҳо» ва чанд китоби дигар аст. Ашъори ӯ ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, руминӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудааст.
Озарахш дар баробари шеър ба драматургия низ рӯ оварда, беш аз 10 намоишнома навиштааст. «Сафедор», «Равзанаи умед», «Афсона ё ҳақиқат», «Чашмаи Пардӯш», «Гулҳо намемиранд», «Ҳазордастон» ва «Нақши Рӯдакӣ» аз ҷумлаи асарҳои саҳнавии ӯянд.
Ӯ барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ буда, соли 2012 бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Соли 2019 Озарахш ба унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Озарахш дар шеъри муосири тоҷик бо забони образнок, оҳанги самимӣ ва таваҷҷуҳ ба ишқ, Ватан, инсон ва арзишҳои маънавӣ ҷойгоҳи хоси худро дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ