Кӣ ҳаққи гузаронидани маросими дуохониро дорад?

Минбаъд дар Тоҷикистон маросими динии дуохонӣ танҳо аз ҷониби ходимони ваколатдори дин гузаронида мешавад. Санади дахлдорро чанде пеш раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидааст.

Тибқи тартиби нав, маросими дуохонӣ метавонад аз ҷониби аъзои Шурои уламо, сархатибҳо, имомхатибҳо, имомҳои масҷидҳои панҷвақта ва муовинони онҳо, инчунин муаззинҳое анҷом дода шавад, ки аз ҷониби иттиҳодияи динии дахлдор барои анҷоми ибодату маросими динӣ ваколатдор шудаанд.

Барои анҷоми чунин фаъолият ходимони дин метавонанд аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим маълумотномаи дахлдор дарёфт намоянд.

Дар асоси тартиби муқарраршуда, ходимони дин ҳуқуқ доранд ба шахсоне, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти динӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд, кумак расонида, тавассути дуоҳои шаръӣ талаботи онҳоро қонеъ созанд.

Барои онҳо як қатор маҳдудиятҳо низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, гузаронидани маросими дуохонии занону кӯдакон бидуни иштироки шахсони маҳрами онҳо манъ мебошад.

Ҳамчунин, истифодаи ҳар гуна хидматрасониҳои дорои хусусияти сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, содир кардани ҳаракатҳои бадахлоқона, ба навор гирифтани ҷараёни дуохонӣ ва паҳн намудани он тавассути воситаҳои ахбори омма ё интернет манъ шудааст.

Тибқи талаботи нав, баргузории маъракаҳои оммавии дуохонӣ низ иҷозат дода намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *