Тошбой Муҳаббатов: Васияти бародар ба ман нерӯ бахшид

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Тошбой Муҳаббатов аз ҳофизони маъруфу соҳибмактаби кишвар буда,  бо овози дилнишин, таронаҳои пурмазмун ва ҳунари волои сарояндагӣ  маҳбубият пайдо кардааст. Ин сарояндаи хушовоз идомабахши анъанаҳои неки ҳунарии хонадони худ буда, роҳи эҷодии бародари бузургаш Шоҳсалим Муҳаббатовро, ки аз ҳофизони машҳуру маҳбуби тоҷик буд, бо сарбаландӣ идома медиҳад. Ин ду бародар солҳои зиёд дар якҷоягӣ фаъолият намуда, бо суруду таронаҳои дилангезашон дар рушди санъати тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд.

Хабарнигори нашрияи «ОИЛА» бо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Тошбой Муҳаббатов ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдааш манзури хонандагони азиз мегардад.

– Ҳар як ҳунарманд саргузашти ҷолиби ворид шудан ба ҷаҳони санъатро дорад. Лутфан бигӯед қиссаи ворид шудани Шумо ба олами ҳунар чӣ гуна аст?

– Муҳити хонаводаи мо саршор аз фарҳангу ҳунар буд. Бинобар ин меҳри санъат аз кӯдакӣ дар қалбам ҷой гирифт. Дар хона падарам рубобу доира доштанд ва гоҳ-гоҳ барои хушҳолӣ менавохтанд. Ин буд, ки дар дили мо бародарон меҳри санъат ҷой гирифт. Вақте ман синфи 5 будам, аллакай бародарам Шоҳсалим Муҳаббатов дар тӯю маъракаву чорабиниҳои гуногун ҳофизӣ мекарданд. Ман рубоби бародарамро гирифта кам-кам менавохтаму суруд мехондам. Бобоям, ки сурудхониямро медонистанд доимо хоҳиш мекарданд, барои болидахотирии модарам таронае хонам.  Айёми наврасӣ аз радио таронаҳои устодон Боймуҳаммад Ниёзов ва Ҷӯрабек Муродовро мешунидем. Сурудҳои онҳо меҳри санъатро дар дилам  боз ҳам бештар мекарданд. Баъдтар бо ҳунармандони маъруф, аз ҷумла Ҷӯрабек Набиев ва Ҷӯрабек Муродов ошноӣ пайдо намудам. Ҳамин тавр, вақте бародарам аз маҳорати навозандагию сарояндагиям воқиф шуданд маро ҳамроҳашон гирифта, ба олами фарҳангу ҳунар роҳнамоӣ карданд.

– Ғояи якҷоя суруд хондан ва таъсиси мактаби ҳунарии бародарон аз ҷониби Шумо буд ё бародаратон?

– Рӯзе Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулло Азизбоев ба ҳунари мо таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Он вақт ману бародарам аллакай дар алоҳидагӣ суруд мехондем ва ҳамчун ансамбл ҳам фаъолият доштем. Устод баъди шунидани овози ҳардуи мо гуфтанд, ки ҳар кадоми шумо истеъдоди хуб доред, аммо қувваи асосии шумо дар якҷоягӣ ҳунарнамоӣ кардан аст. Ба гуфти эшон, овози мо ҳамдигарро пурра мекардааст.  Саъдулло Азизбоев ба мо гурӯҳи ҳунарии бародарони машҳури Ӯзбекистон – Исмоилҷон ва Исроилҷонро мисол оварда гуфтанд, ки онҳо низ дар якҷоягӣ ҳунар нишон дода, ба дараҷаи Ҳофизони халқӣ расидаанд. Устод маслиҳат доданд, ки мо ҳам фаъолияти эҷодиямонро дар шакли дуэт идома диҳем. Ин маслиҳати арзишманд барои роҳи минбаъдаи ҳунарии мо таъсири бузург гузошт. Баъд аз ин мо фаъолияти муштараки худро боз ҳам ҷиддитар ба роҳ монда, якҷоя эҷод ва ҳунарнамоӣ мекардем.

–  То имрӯз бо Шоҳсалим Муҳаббатов якҷоя чанд суруд  иҷро кардаед ва чандтои онҳо дар фонди тиллоии  Радиои Тоҷикистон сабт шудаанд?

– То имрӯз дар Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон зиёда аз 100 таронаи мо сабт шудааст. Бори аввал 9 январи соли 1977 ба Душанбе омада якбора се таронаамонро сабт кардем. Сабти се суруд тақрибан ҳафт соат идома ёфт. Дар ҷараёни сабт аъзои шӯрои бадеӣ ҳузур дошта, ҳар як сурудро бодиққат гӯш мекарданд. Сурудҳо аз баррасии комиссия мегузаштанд ва танҳо баъди тасдиқ ба хазинаи радио ворид мешуданд.

Баъди чанд вақт ногаҳон аз радиои ҷумҳуриявӣ ҳар се суруди мо пахш гардид. Ин барои мо рӯйдоди фараҳбахш буд. То ҳол зиёда аз 500 тарона эҷод кардаам. Таронаҳоям дар ду маҷмӯаи алоҳида дар ҳамкорӣ  бо коллеҷи ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ба нашр расидаанд. Ҳар ду маҷмӯа “Ошёни бахт” ном дорад.

– Дар як мусоҳибаатон гуфтаед, ки бародаратон Шоҳсалим Муҳаббатов ба Шумо васият кардаанд, ки анъанаи оилаи Муҳаббатовҳоро идома диҳед. Он чӣ гуна иттифоқ афтода буд?

– Мо барои таҷлили Рӯзҳои фарҳанги Истаравшан ба Душанбе рафта будем. Ногаҳон бародарам сахт бемор шуданд. Бемории акоям шиддат гирифту овозашон канда-канда мебаромад. Тамоми аҳли ҳунар ва дӯстону наздикон барои аёдати эшон ба беморхона меомаданд. Тааҷҷубовараш дар он аст, ки ҳарфи бародарам канда-канда барояд ҳам, аммо сурудро озод мехонданд. Ба дӯстони ба аёдатомада таронаи “дарё равон аст”-ро зам-зама мекарданд. Рӯзе дӯстони наздики хонаводаи мо Абдуманон Насриддинов, Саидумрон Саидов ва Ҳоҷиҳусейн Мӯсозода ба аёдат омаданд. Онҳо аз ин ҳолат дар ҳайрат монданд. Ҳоҷиҳусейн гуфтанд, ки «ман бори аввал бемореро мебинам, ки сухан гуфта наметавонад, аммо суруд мехонад.»

Ҳамин тавр, бародарам тӯли шаш сол дар бистарӣ беморӣ хобиданд. Рӯзе дар лаҳзаҳои охири умрашон, бо ишора маро ба назди худ хонданд. Саломатиашон бисёр вазнин буд. Бо ишора фаҳмонданд, ки сурудхониро идома диҳам ва санъатро тарк накунам. Он ишораро ҳамчун васияти охирини бародарам пазируфтам. Аз ҳамон рӯз ба худ аҳд кардам, ки анъанаи санъати оилаи Муҳаббатовҳоро идома диҳам ва нагузорам, ки ин чароғи ҳунар хомӯш гардад. Мана, аз ҳамон вақт то имрӯз ба санъат содиқ монда, пайваста эҷод мекунам. Баъди марги бародар фаҳмидам, ки ман на танҳо пораи қалбам, балки роҳнамову роҳнишондеҳ ва такягоҳу муттакои диламро аз даст додаам.

– Бо сози мусиқӣ суруд хондан чӣ душвориҳо дорад?

– Бо сози рубоб суруд хондан яке аз анъанаҳои  қадимаи фарҳанги мусиқии тоҷик ба шумор меравад. Иҷрои суруд бо ҳамроҳии соз ба сароянда имкон медиҳад, ки оҳанг ва матни сурудро ба таври ҳамоҳанг ва таъсирбахш ба шунаванда расонад. Ин гуна иҷро кайфият ва лаззати хоси худро дорад, зеро сароянда ҳамзамон навозанда низ мебошад ва эҳсосоти худро тавассути созу  овоз ифода мекунад. Аммо бо соз суруд хондан осон нест ва  ҳунару маҳорати баланд талаб мекунад. Сароянда бояд дар як вақт ҳам навохтани созро идора кунад ва ҳам матнро ҷаззобу дилнишин  хонад.  Бо вуҷуди душвориҳо, сурудхонӣ бо рубоб яке аз ҷанбаҳои арзишманди санъати тоҷик буда, барои шунавандагон ҳаловат ва таъсири маънавӣ мебахшад.

–  Ба назар мерасад, ки солҳои охир аксари сарояндагони ҷавон бештар ба тавсифи ишқу муҳаббат рӯ меоранд. Оё суруд танҳо барои тавсифи ишқу муҳаббат аст ё бояд дар тарбияи маънавию рушди афкори ҷомеа хизмат кунад?

– Воқеан, имрӯз дар бисёр таронаҳо мавзӯи ишқу муҳаббат ба ҳадде зиёд шудааст, ки гоҳе дигар мавзӯъҳои муҳим дар канор мемонанд. Албатта, ишқ яке аз зеботарин эҳсосоти инсонӣ аст ва дар адабиёту санъат ҷойгоҳи хоси худро дорад. Аммо суруд набояд танҳо ба тавсифи ишқу муҳаббат маҳдуд шавад. Рисолати суруд хеле фарохтар аст. Суруд бояд ба афкори ҷомеа таъсири мусбат расонад, мардумро рӯҳбаланд кунад, арзишҳои инсонӣ, миллӣ, меҳру вафо, ватандӯстӣ, ахлоқи нек ва фарҳанги баландро тарғиб намояд. Оҳанг ва тарона бояд барои шунаванда ғизои маънавӣ ва оромиши рӯҳӣ бахшанд. Ман ҳамеша бар ин назарам, ки дар санъат ҳар кас бояд вазифаи худро ба таври касбӣ анҷом диҳад. На ҳар сароянда метавонад ҳамзамон шоир, оҳангсоз ва ҳофиз бошад. . Вақте ҳар кас кори худро дуруст анҷом медиҳад, асари пурмазмун ва мондагор ба вуҷуд меояд.

Шояд яке аз сабабҳои он ки мардум то имрӯз аз ман хоҳиш мекунанд таронаҳои пештараамро иҷро кунам, ҳамин бошад, ки онҳо бар пояи шеърҳои пурмазмуни шоирони бузург, аз ҷумла  Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ  Лоиқ Шералӣ ва дигар шоирони классику муосир офарида шудаанд. Ман дар эҷоди тарона пайваста кӯшиш мекунам беҳтарин шеърро интихоб намоям. Таронае хонам, ки мазмуну муҳтавои баланд дошта бошанд.

– Рисолати сароянда аз чӣ иборат аст ва оё Шумо ин рисолатро иҷро кардаед?

– Ба андешаи ман, рисолати сароянда танҳо сурудхонӣ нест. Вазифаи ӯ ҳифз ва тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи маънавии мардум, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Ман зиёда аз 52 сол дар соҳаи фарҳанг ва маориф фаъолият намудаам. Соли 1989 ману бародарам ба нишони Аълочии маорифи халқ сазовор гардидем. Соли 1996 бародарам ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва баъдан соли 1998 ман соҳиби ҳамин унвони фахрӣ шудам. Хушбахтона ин унвони шоистаро ҳардуямон ҳам аз дасти Пешвои миллат гирифтаем.  Тӯли фаъолияти худ то имрӯз қариб 30 шогирд тарбия намудаам. Аз ҷумла, Мирзо Бобоноров, бародарон Лутфулло, Саъдулло Ҳоҷимуродов ва Шуҳратҷону  Икромҷон аз шогирдони  муваффақам мебошанд.Бо ифтихор метавон гуфт, ки онҳо имрӯз анъанаҳои неки мактаби ҳунарии моро идома медиҳанд. Аз ин рӯ, бовар дорам, ки то қадри тавон рисолати худро ҳамчун сароянда, омӯзгор ва хизматгузори фарҳанги миллӣ иҷро намудаам ва минбаъд низ барои рушди фарҳанг ва тарбияи насли ҷавон саҳми худро мегузорам.

– Ба Шумо барои суҳбати самимӣ изҳори сипос менамоем. Дар арафаи ҷашни 70-умин баҳори умратон бароятон саломатии бардавом, умри дароз, рӯзгори босаодат ва комёбиҳои нав ба нав таманно дорем. Саломату сарбаланд бошед!

Мусоҳиб: Абдуғаффор Шодиев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *