Ду оҳанг, як сарнавишт

Панҷоҳ сол…

Барои тақвим ин ҳамагӣ рақам аст. Аммо барои ду инсоне, ки ним аср паҳлуи ҳам зиндагӣ кардаанд, китобест, ки ҳар саҳифааш бо меҳру муҳаббат, сабр, фидокорӣ ва эътимод навишта шудааст.

Вақте хабари табрикоти Раиси шаҳри Маскав Сергей Собянинро ба муносибати ҷашни тиллоии ҳаёти муштараки Толибхон ва Гулсифат Шаҳидӣ хондам, пеш аз ҳама на ба худи табрикот, балки ба роҳи тайкардаи ин ду инсон андешидам.

Ман Гулсифатро аз солҳои донишҷӯӣ мешиносам. Мо ҳамсабақ будем. Он рӯзҳо ҳеҷ кадоми мо ҳамсабақон, ҳатто гумон ҳам намекардем, ки тақдир барои ин духтараки шӯху хушчеҳра, ки миёни мо бо номҳои «Ниҳолаки рӯймолсурхак» ва «Духтари вазир» маъруф буд, рисолати бузургеро омода кардааст: ҳамсафари як бастакори ҷаҳонӣ шудан ва дар баробари ин, мустақилияти эҷодии худро ҳифз намудан.

Дар бахши «Муҳаббате, ки ногаҳон дари диламро кӯфт»-и романи «Агар… » Толибхон Шаҳидӣ бо самимияти камназир нақл мекунад, ки чӣ гуна аз як акси сиёҳу сафед дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» сарнавишти худро шинохт. Ин гуфта ҳокӣ аз он аст, ки баъзан сарнавишт пеш аз муҳаббат меояд ва дар пешонии инсон ҳаккокӣ мешавад.
Ишқ оромона вориди зиндагӣ мешавад ва танҳо баъд аз гузашти солҳо инсон дарк мекунад, ки он нигоҳ, он акс ё он лаҳзаи кӯтоҳ, дар асл оғози симфонияи тамоми умри ӯ будааст.
Аммо муҳаббат танҳо он лаҳзае нест, ки дари дилро мекӯбад. Муҳаббат он аст, ки баъди кушода шудани дари дил, панҷоҳ сол аз остонаи хона берун намеравад, ҳар ғамро сабуктар ва ҳар шодиро пурмаънатар месозад.

Толибхон мусиқӣ меофарад, Гулсифат оромии хонаро нигоҳ медорад. Толибхон симфония менависад, Гулсифат зиндагиро ҳамоҳанг месозад. Яке нотаҳоро ба забони ҷаҳон табдил медиҳад, дигаре муҳаббатро ба забони рӯзгор.

Эҷодкор будан кори содда нест. Аммо ҳамсари эҷодкор будан аз он ҳам душвортар аст. Зеро инсонеро бояд дӯст дорӣ, ки тамоми вуҷудаш дар олами хаёл, дар миёни нотаҳо, андешаҳо ва эҷод зиндагӣ мекунад. Барои чунин зиндагӣ на танҳо муҳаббат, балки фаҳмиш, сабр ва бузургӣ лозим аст.

Толибхон дар романи «Агар… » борҳо эътироф мекунад, ки агар Гулсифат намебуд, шояд бисёре аз асарҳояш рӯи саҳнаро намедиданд. Ин эътирофи танҳо шавҳар нест, эътирофи як эҷодкор аст, ки медонад: ҲАР ПАРВОЗИ БАЛАНД БА ТАКЯГОҲИ МУСТАҲКАМ НИЁЗ ДОРАД.
Вале Гулсифат танҳо такягоҳ набуд. Ӯ худ низ ба олами адабиёт қадам гузошт ва собит сохт, ки инсон метавонад баъд аз панҷоҳсолагӣ низ орзуҳои ҷавонии худро зинда кунад. Ин ҳам дарси дигарест аз зиндагии онҳо: ҳеҷ муҳаббати ҳақиқӣ шахсияти инсонро маҳдуд намекунад, балки ба ӯ имкони пурра шукуфтан медиҳад.

Имрӯз, вақте ба панҷоҳ соли зиндагии муштараки онҳо менигарам, ба як андеша мерасам. Оила мисли оркестр аст. Агар ҳар кас танҳо хоҳад садои худро баланд кунад, ҳеҷ гоҳ мусиқӣ ба вуҷуд намеомад. Ҳамоҳангӣ танҳо он вақт пайдо мешавад, ки ҳар кас вақти хомӯш будан, вақти навохтан ва вақти гӯш карданро бидонад.

Шояд ҳамин аст сирри зиндагии Толибхон ва Гулсифат Шаҳидӣ.
Яке асари мусиқӣ меофарад, дигаре аз мусиқӣ зиндагӣ месозад.
Онҳо ҳар ду якҷо симфонияе навиштанд, ки номи он «ОИЛА» аст.
Аз самими қалб дӯстони қадрдон Толибхон Зиёдуллоевич ва ҳамсабақам Гулсифат Ғаффоровнаро бо ҷашни тиллоии ҳаёти муштаракашон табрик мегӯям.
Бигзор муҳаббате, ки панҷоҳ сол пеш дари дилатонро кӯфт, ҳамоно чароғи хонадонатонро фурӯзон нигоҳ дорад.

Бо эҳтиром,
Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *