Ситораи Кароматулло дар миёни ҳунармандони 30 кишвари ҷаҳон соҳиби ҷоиза шуд
Овозхони маъруф Ситораи Кароматулло дар III-юмин Анҷумани байналмилалии санъати мақом Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, соҳиби ҷоизаи махсус гардид.
Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳунармандон аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, маҳорати худро дар иҷрои санъати мақом ба намоиш гузоштанд. Ҳайати доварон ҳунари Ситораи Кароматуллоро арзанда дониста, ӯро бо ҷоизаи махсус сарфароз намуданд.

Ба ғолиб диплом, статуеткаи махсуси озмун ва мукофотпулӣ ба маблағи 5000 доллар тақдим гардидааст.
Ҷоизаро чеҳраи маъруфи санъати Осиёи Марказӣ, навозандаи шинохта Абдуҳошим Исмоилов ба Ситораи Кароматулло супоридааст.
Ёдовар мешавем, ки Ситораи Кароматулло овозхони ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ