Аз овринг то шоҳроҳи байналмилалӣ
Роҳи Душанбе – Чаноқ ин масирро ба маъраз гузоштааст
Чун сухан дар бораи раҳоии кишвар аз бунбасти комуникатсионӣ равад, пеш назар машаққати мардуми кӯҳистон меояд, зеро вазъи бади роҳҳо бештар ба сокинони ин минтақаи мамлакат таъсиррасон буд. Насли нисбатан солор зимни шарҳу тавзеҳи моҳияти роҳ дар пешбурди ҳаёт вожаи «овринг»-ро зиёд истифода мекарданд. Қобили зикр аст, ки овринг дар минтақаи Фалғару Кӯҳистони Мастчоҳ ва Бадахшон хеле зиёд буда, роҳе аст, ки дар танаи шахҳои баланди касногузар, дар он ҷое, ки аслан роҳ вуҷуд надорад, барои гузаштан ба ҷониби дигар аз навдаву қамиш ва шоху барги дарахтон ба тариқи бастан сохта мешуд. Аз чунин роҳи ларзони ҳавоӣ танҳо як нафар бо як хари бордор мегузашту халос.
Тавре аз хотироти шоҳидони ҳол бармеояд, борҳо шудааст, ки мусофирон ҳангоми гузаштан аз он бо хару бори худ ба коми ҷар рафтаанд. Гузаштан аз чунин роҳ қонуну қоидаҳои сахти худро дошт. Барои мисол, вақте ки дар овринг ду нафар рӯ ба рӯ меомаданд, илоҷи пас гаштан набуд, як нафар маҷбур буд аз баҳри бору хари худ барояду онро ба коми фано, яъне ба ҷар фиристад, то ки дигаре тавонад бигзарад, вагарна ҳардуро марг интизор буд. Ин ҳолат дар дар шеъри устод Лоиқ – «Ду мастчоҳӣ дар овринг» хеле воқеӣ инъикос шудааст.
-Калимаи «роҳ» дар фарҳангҳои тафсирӣ ба маънои «ростӣ» низ меояд ва ибораҳои «роҳи рост» ва «роҳи сафед», ки асосан покиву накӯкорӣ ва дуои некро ифода месозанд, дар адабиёти фарҳангофарину тамаддунсози тоҷикон собиқаи чандинҳазорсола дорад. Бинобар ин роҳсозиву роҳкушоӣ дар ҳама давру замон нишонаи рушди мамлакат, пайвандгари фарҳанг ва маданияти ҳамон насл ба ҳисоб меравад,- фармудаанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Маҳз бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ эътироф шуда, барои расидан ба он ибтикори амалӣ гардид. Муҳим он аст, ки дар муддати бениҳоят кутоҳ мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда, ба кишвари воҳид табдил ёфт. Ҳоло аз он оврингҳо ному нишоне намондааст, аҳолии мамлакат, хусусан он қисмати кӯҳистон, ки азоби бероҳиҳоро кашидаву ҳафтаҳо дар бероҳаҳо нигарон мемонданд, бо муҳаббату миннатдорӣ аз сиёсати созандагии Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат сухан мегӯянд. Он ки ҳамасола 6 – 7 моҳ қисматҳои шимолу ҷануби мамлакат аз ҳам ҷудо мегардиданду акнун бо ҳам тамоми сол пайванди ногусастанӣ доранд, худ гувоҳи комёб буданамон дар ин самт мебошад.
Яке аз роҳҳое, ки қаблан душворгузар маҳсуб мешуд, роҳи Душанбе – Чаноқ мебошад. Мардум азобҳои дар роҳҳои пурпечутобу хатарноки Душанбе-Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд, махсусан ағбаи Анзоб кашидаашонро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунанд. Мусофирону ронандагон ҳафтаҳо дар Майхӯра ё мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд. Аз сабаби зиёд будани теъдоди мусофирон ҳама тавассути тайёра ба шаҳри Хуҷанд рафта наметавонистанд. Ба шаҳри Панҷакенту ноҳияи Айнӣ дар фасли зимистон аз Душанбе ва Хуҷанд рафтуомад имконнопазир гардида, танҳо ба воситаи шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкони ба водии Зарафшон рафтан мавҷуд буд.
Аз ҷониби дигар, вазъи ногувори роҳ боиси он мегардид, ки ронандагон хароҷоти зиёдатӣ намоянд. Бинобар ҳолати ногувори роҳ мошинҳо, сарфи назар аз сабукрав ва ё боркаш будан, зуд – зуд вайрон шуда, боиси нороҳатӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мегардиданд. Ин роҳ бо ҳамаи иншооташ бисёр зебо аст ва ин зебоӣ аз бинанда дил мебарад. Бо ин роҳу иншооти бузургаш метавон ифтихор кард. Кӯҳҳои бузургу бас баландро шикофтанду роҳ сохтанд. Дар ин маврид гузашта низ пеши назар меояд. Роҳҳои харобу ранҷҳои беҳисоб, шукр, ки пушти сар шуданд. Кунун одамон ба дидори ҳамдигар бе мушкилӣ мерасанд. Ин ҳамаро, албатта, бояд шукр гуфт. Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки солҳое, ки мо дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будем, ин орзуи деринаи сокинони сарзамини бостонии мо ҷомаи амал напӯшида буд.

Бояд эътироф кард, ки дар муқоиса ба дигар роҳҳои кишвар, вазъи роҳи Душанбе – Чаноқ хеле беҳтар буда, сарфи назар аз он ки аз минтақаи релефи душвори кӯҳистон мегузараду дар мавзеи аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир воқеъ мебошад, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи он таъмин аст. Табиист, ки ҳолати хуби роҳи мавриди назар самараи масъулиятшиносии нигоҳбони он – филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Таҷрибаи нигаҳдории роҳи «Душанбе – Чаноқ» нишон дод, ки «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар самти коршоям нигоҳ доштани роҳи мазкур тамоми чораҳоро меандешад ва бо мақсади тасмимгирии дуруст ва гирифтани таҷриба бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ дар соҳаи роҳсозӣ муносибатҳои шарикиро ба роҳ мондааст. Барои қиёс ва хулоса зикр бояд кард, ки таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ соли 2012 оғоз гардида, ҳамон сол 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда тамоюли афзоишро касб карда, соли 2013 ба 6000 тонна, 2014 – 10000 тонна , 2015 -15000 тонна, 2016 – 13575 тонна, 2017 – 51551 тонна, 2018 – 30864 тонна, 2019 – 49862 тонна, 2020 – 29377 тонна, 2021 – 55366 тонна, 2022 – 39916 тонна, 2023 – 25079 тонна, 2024 – 18408 тонна ва соли 2025 ба 25204 тонна асфалт расид. Дар маҷмуъ, давоми фаъолият барои таъмиру таҷдиди роҳи мазкур қариб 400000 тонна асфалт харҷ шудааст. Дар мавсими имсола низ таъмири ҷорӣ ва куллии роҳ босуръат, дар сатҳи хубу сифати баланд идома дошта, дар назар аст, ки барои таъмири куллӣ ва ҷории ҷодаи зикршуда чун нишондиҳандаҳои солҳои қаблӣ асфалт харҷ гардад.

Агар гӯем, ки 16 соли фаъолият марҳилаи санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ, такомулу шаклгирии фаъолият, тавсеаи равобит, болоравии сатҳи маъруфият, пурқувват гардидани пойгоҳи техникӣ, саҳмгузорӣ дар ғановати буҷети давлатӣ ва ғайра маҳсуб мешавад, муболиға нахоҳад буд. Корҳои амалишуда далели бебаҳси онанд, ки дар тамоми ҳолат кормандони филиали Ширкат рисолати дар асоси шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вогузоршударо дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварда истодаанд.
Ҳолати хуби роҳи Душанбе-Чаноқ ба рушди туризми дохилию хориҷӣ низ мусоидат намуд. Тамоми сол сокинони қисмати марказию ҷануби кишвар тавассути роҳи мазкур ба осоишгоҳҳои «Ҳавотоғ»-у «Зумрад» ва тамошои Хуҷанду Қайроққум мераванд. Сокинони шимоли кишвар бошанд, дар зарфи чанд соат ба пойтахт расида, ба тамошои қалъаи Ҳисору осоишгоҳҳои «Шоҳамбарӣ», «Оби Гарм» ва сайри «Чилучорчашма» метавонанд мушарраф гарданд. Сайёҳони хориҷӣ низ имкон пайдо намуданд, ки аз баракати роҳи нав тамоми сол бо табиати зебои диёрамон ошно шаванду аз тамошои он лаззат баранд.
Бо назардошти ин гуфтаҳо комилан бо андеша дар бобати он ки роҳи Душанбе Чаноқ шоҳраге дар пайкари Тоҷикистони азиз маҳсуб мешавад, ҳамфикрам.
Наҷиба Муродбекова,
журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ