Баррасии самтҳои асосии сиёсати иқтисодию молиявии Тоҷикистон дар Тошканд
30 июни соли равон дар доираи ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои узви Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор (Constituency Meeting) дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мулоқоти Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо муовини Директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли баргузор гардид.
Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба вазъи кунунии иқтисоди миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати иқтисодию молиявии Тоҷикистон маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.
Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар мулоқот иброз гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии Асъор, бахусус татбиқи Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI), Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои такмили идоракунии молияи давлатӣ, таҳкими шаффофият, беҳтар намудани идоракунии қарзи давлатӣ ва пешбурди ислоҳоти сохторӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Дар анҷоми мулоқот ба Бо Ли ва намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор барои ҳамкории мутақобиланд судманд изҳори сипос карда шуд.
Инчунин, 29 июн Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар муҳокимаи сатҳи баланд таҳти унвони «Пайвастагии минтақавӣ: ҳамкорӣ, сармоягузории бахши хусусӣ ва савдои озод» иштирок намуд.
Файзиддин Қаҳҳорзода иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва тақвияти тиҷорати байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин замина, ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар шарикони рушд барои татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва ноил гардидан ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар ҷараёни муҳокима намояндагони мамлакатҳои аъзои гурӯҳ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ ва доираҳои коршиносӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, рушди шабакаҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ, тавсеаи тиҷорати байнидавлатӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, инчунин ҷалби сармояи хусусиро баррасӣ намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ