Дар оромгоҳи «Лучоб» ба хотираи фарзандони барҷастаи миллат арҷ гузошта шуд (аксҳо)
Дар ҳошияи ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид, роҳбарият ва кормандони Хадамоти алоқа ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ аз оромгоҳи «Лучоб» зиёрат намуданд.




Иштирокдорон бо гузоштани гулчанбар ба марқади Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи таърихию фарҳангии миллат Нисор Муҳаммад ба хотираи фарзандони фарзонаи кишвар арҷ гузоштанд.
Зимни ин иқдом аз хизматҳои шахсиятҳои барҷастае ёдоварӣ шуд, ки дар ташаккули давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ