Самарқанд. Конфронси парлумонҳои ҷавони Иттиҳоди байнипарлумонӣ оғоз ёфт

Он бо ибтикори Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва Парлумони Ӯзбекистон таҳти унвони «Ба сӯи барқарорсозии ҳуқуқи инсон, адолат ва шаъну шарафи инсонӣ дар замонҳои душвор» роҳандозӣ шуда, ду рӯз идома хоҳад кард. Дар он намояндагони 11 созмони байналмилалӣ ва 250 нафар аз 58 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат доранд.

Гуфта мешавад, ки ин чорабинии байналмилалӣ густариши иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат, тақвияти нақши онҳо дар фаъолияти парлумонӣ, рушди муколама ва ҳамкории ҷаҳонӣ миёни намояндагони насли ҷавонро дар меҳвари баррасиҳо қарор додааст.

Конфронсро Танзила Норбоева, раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ карда, иштирокчиёнро ба шаҳри бостонии Самарқанд хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин, ӯ матни паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба иштирокчиёни конфронс қироат кард.

Чунонки раиси Сенат Танзила Норбоева зимни суханронӣ қайд кард, дар муҳити мураккаби геополитикии имрӯза ба масъалаҳои дипломатияи парлумонӣ, муколама ва густариши иштироки ҷавонон дар равандҳои сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонон бояд на ҳамчун объекти сиёсат, балки ҳамчун ҳаммуаллифони баробарҳуқуқи қарорҳои қабулшаванда шинохта шаванд.

Раиси Иттиҳоди байнипарлумонӣ Тулия Эксон зимни суханронӣ таъкид кард, ки имрӯз овози ҷавонон дар равандҳои қабули қарорҳои муҳим дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ба гуфтаи ӯ, муколама, мубодилаи таҷриба ва ҳамкории парлумонҳои ҷавон аз кишварҳои гуногун барои ташаккули равишҳои нав ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳонии имрӯза аҳамияти калон доранд.

– Имрӯз дар ин мулоқот бештар сухан дар бораи сулҳ, амният, ҳуқуқи инсон ва ояндаи ҷавонону кӯдакон меравад. Аммо аз кӯдаконе, ки қурбонии ҷанг ва таҷовуз шудаанд, ёдоварӣ намешавад. Ҳодиса дар мактаби Шаҷари Тайиба дар Миноб яке аз талхтарин ва дардноктарин таҷовузҳои ахири ИМА ва режими саҳюнистӣ бар зидди кишвари ман — Эрони азиз буд; фоҷиае, ки дар он 268 нафар шаҳрванди осоишта, аз ҷумла донишомӯзону омӯзгорон, инчунин ҳафт волидайн ва як ҷанини шашмоҳа ҷони худро аз даст доданд, – гуфт узви Комиссияи иқтисодии Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Заҳро Худододӣ.

Ӯ афзуд, ки кӯдакону ҷавонон ояндаи миллатанд ва ҳар як зарба ба онҳо зарба ба ояндаи насл ва ҳар миллат аст. Вақте кӯдак дар синфхона ҳадаф қарор мегирад, на танҳо як нафар кушта мешавад, балки қисме аз ояндаи ҷомеа нобуд мегардад. Вақте омӯзгор ҷони худро дар муҳити таълимӣ аз даст медиҳад, на танҳо як нафар қурбон мешавад, балки чароғе, ки вазифааш равшан кардани роҳи насли оянда аст, хомӯш мегардад.

– Ҳоло ман мехоҳам як саволро бо виҷдони ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бо шумо дар миён гузорам: агар кӯдак дар синфхона бехатар набошад, пас кӣ дар ин ҷаҳон воқеан бехатар аст? Агар мактаб, ки бояд пас аз хона барои кӯдак бехатартарин ҷой бошад, ба макони марг табдил ёбад, пас чӣ гуна мо метавонем дар бораи «тартиботи байналмилалии бар қонун асосёфта» сухан гӯем? Ва агар ҷаҳон дар муқобили марги кӯдакон хомӯш бошад, оё он ҳанӯз ҳам ҳақ дорад дар бораи тамаддун, башардӯстӣ ва ҳуқуқи инсон сухан гӯяд? – таъкид кард Заҳро Худододӣ.

Ба гуфтаи Заҳро Худододӣ, дар ҳуқуқи байналмилалӣ кӯдак субъекти дуюмдараҷа нест, балки объекти ҳифзи махсус аст. Ҳамаи шаҳрвандон бояд аз ҳамла эмин бошанд. Ҳеҷ як давлат, нерӯи низомӣ ё субъекти дигар наметавонад масъулияти худро барои ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон бо истифода аз зӯроварӣ ё истилоҳоти норавшане чун «амният», «мудофиа» ё «зарурат» нодида гирад. Аз ин нуқтаи назар, ҳамла ба муҳити таълимӣ, ки дар он кӯдакону омӯзгорон ҳузур доранд, танҳо як ҳодисаи низомӣ нест. Ин як озмоиши ҷиддии эътимоднокии воқеии низоми байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунҳои башардӯстона мебошад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода зимни маърӯзаи худ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавонон буда, 70 дарсади аҳолии кишварро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд.

– Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Масъалаи омода кардан ва ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин намудани ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, зиёда аз 30 дарсади вакилони Парлумони кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд, – изҳор намуд Миршакар Ҷалолзода.

Вай тазаккур дод, ки мубодилаи афкору таҷриба бо ҳамтоён ҳаргиз аз манфиат холӣ нест ва ин ҷо барои чунин кор имконияти мусоид фароҳам омадааст. Ба гуфтаи ӯ, таъмини ҳуқуқи ҷавонон, амнияту субот ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти шоистаи онҳо дар Тоҷикистон аз масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб мешаванд.

Иштирокчиёни конфронси Самарқанд як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ҳуқуқи инсон ва иштироки сиёсии ҷавонон, адолати иҷтимоӣ, амнияти рақамӣ, маориф, фаъолияти сиёсии ҷавонзанону духтарон ва амсоли онҳоро муҳокима намуданд. Гуфта шуд, ки нақши парлумонҳо дар ҳалли ин мушкилот бевосита эҳсос шуда, беш аз пеш аҳамият касб менамояд.

Дар иҷлосияи якум, ки дар доираи конфронс таҳти унвони «Ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон дар замони низоъ» баргузор шуд, зикр гардид, ки ҷавонон дар замони низоъ бо таҳдидҳои махсусан ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва зӯроварӣ ҳуқуқҳои асосии онҳоро поймол карда, боиси кӯчбандии маҷбурӣ, маҳрум шудан аз таҳсил ва аз даст рафтани воситаҳои зиндагӣ мегардад. Дар иҷлосия масъалаҳои таъмини амният ва муносибати башардӯстона бо ҷавонон тибқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, ҳифзи онҳо аз ҷалб ва истисмор дар низоъҳои мусаллаҳона, инчунин зӯроварии ҷинсӣ ва нақши парлумонҳо дар таъмини ин ҳуқуқҳо баррасӣ гардиданд.

Рӯзи аввал ҳамчунин доир ба масъалаҳои «Таъмини ҳуқуқҳои рақамӣ дар асри рақамӣ» ва «Таъмини устувории иқлим барои наслҳои кунунӣ ва оянда» ибрози назар сурат гирифт. Гуфта шуд, ки рушди технологияҳои нав мушкилоти нави ҳуқуқиеро ба миён овардааст, ки ҳангоми қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар соли 1948 тасаввурнопазир буданд. Аммо ҳоло бо афзоиши фаъолияти ҷавонон дар интернет вазъ тағйир ёфтааст. Аз ин рӯ, таҳияи механизмҳои ҳифзи онҳо ва танзими ин соҳа аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки муҳити тоза, солим ва устувор барои наслҳои кунунӣ ва оянда аҳамияти ҳаётӣ дорад. Таъсири номутаносиби тағйирёбии иқлим ба ҷавонон низ аз масъалаҳое мебошад, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирад.

Конфронси байналмилалӣ дар Самарқанд 5 сентябр ба поён хоҳад расид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Самарқанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *