Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад.
23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку баргузор мешавад.
Пас аз ин дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Чунтсини Чин сафар карда, ду бозии дӯстонаи дигар анҷом медиҳад. 2-юми октябр шогирдони Игор Ангеловски бо дастаи мунтахаби Фаластин ва 6-уми октябр бо тими миллии Чин бозӣ мекунанд.
Омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дарпешистода аз 17-уми сентябр оѓоз мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ