Нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон асари маъруфи таърихшиноси тоҷик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» ба забони олмонӣ тарҷума ва нашр гардид.
Ин асари бунёдӣ, ки ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик бахшида шудааст, аз ҷумлаи корҳои арзишманди илмии таърихнигории миллӣ ба ҳисоб меравад.
Тарҷумаи асарҳои муҳими олимону адибони тоҷик ба забонҳои хориҷӣ бо ҳадафи муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва дастрас намудани мероси илмии кишвар ба хонандагони хориҷӣ анҷом дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ