Маркази миллии тестӣ: Аз ислоҳоти низоми қабул то ташаккули фарҳанги арзёбии одилона
Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд: Марказ) бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳандозии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд: ИМД) аз ҷумлаи ислоҳоти муҳими соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад. Дар натиҷаи ин ислоҳот қабули довталабон ба макотиби таҳсилоти миёнаву олии кишвар тадриҷан ба низоми ягонаи арзёбӣ табдил ёфт, ки дар меҳвари он шаффофият, адолати иҷтимоӣ, баробарии имкониятҳо, рақобати солим ва истифодаи технологияҳои муосир қарор доранд. Имрӯз фаъолияти Марказ танҳо бо баргузории имтиҳон маҳдуд нашуда, рақамикунонии хидматрасониҳо, таҳлили натиҷаҳои арзёбӣ, иштирок дар пажӯҳишҳои байналмилалӣ ва истифодаи маълумоти воқеиро барои такмили сифати таҳсилот низ фаро мегирад.
Ислоҳоти муҳими маориф дар роҳи қабули шаффоф ва одилонаи довталабон
Дар низоми маорифи ҳар як давлати муосир қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аҳаммияти хос дорад. Маҳз дар ҳамин марҳала дониш, қобилият ва заҳмату омодагии шахс ба имтиҳонҳо бояд меъёри воқеии интихоби ӯ қарор гирифта, барои ҳар як ҷавон – новобаста аз маҳалли зист, вазъи иҷтимоӣ ва имкониятҳои молиявӣ шароиту ҳуқуқи баробар фароҳам оварда шавад.
Аз ин рӯ, ташкили низоми боэътимоди арзёбӣ ва қабули одилонаи довталабон на танҳо масъалаи ташкилии соҳаи маориф, балки ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва рушди сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Тоҷикистон яке аз иқдомҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ дар ин самт таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозии низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ гардид. Ин иқдом низоми қабули довталабонро ба марҳалаи нави рушд ворид намуда, дар он муносибати ягона ба арзёбӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, шаффофияти равандҳо ва баробарии имкониятҳо мавқеи муҳим пайдо кард.

Аз зарурати ислоҳот то ташкили низоми ягонаи қабул
Ташкили низоми нави қабули донишҷӯён раванди якрӯза набуда, аз зарурати муҳими иҷтимоӣ ва давлатӣ сарчашма гирифтааст. Бо мақсади бунёди низоми муосиру мутамаркази арзёбӣ 5-уми марти соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №114 муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» таъсис ёфт. Баъдан, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 2014, №138 дар заминаи он Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Моҳияти ин ислоҳот танҳо дар тағйири шакли санҷиши дониш набуд. Тағйироти асосӣ дар худи муносибат ба қабули довталабон ба вуҷуд омад. Дар низоми нав натиҷаи довталаб бояд пеш аз ҳама ба сатҳи воқеии дониш ва омодагии ӯ вобаста бошад, на ба муносибатҳои шахсӣ ё дигар омилҳои берунӣ.
Аз ин ҷиҳат, ИМД-ро метавон як ислоҳоти муҳими сохторӣ ва технологӣ дар низоми қабули довталабон арзёбӣ кард. Он ҳамзамон аҳаммияти иҷтимоӣ дорад, зеро қоидаҳои ягонаи иштирок дар озмун имкон медиҳанд, ки довталабон дар асоси натиҷаи бадастовардаашон одилона рақобат намоянд.

Шаффофият ҳамчун усули фаъолият
Шаффофият танҳо дар рӯзи баргузории имтиҳон таъмин намешавад. Барои он ки ин усул воқеан амал кунад, бояд дар тамоми марҳалаҳои қабул ба тартибу механизмҳои мушаххас табдил ёбад. Дар низоми ИМД чунин механизмҳо иттилоърасонии пешакӣ, бақайдгирӣ (номнависӣ, сабти ном) бо тартибу талаботи ягона, фарогирии маълумоти довталабон дар пойгоҳи ягонаи иттилоот, татбиқи меъёрҳои умумии имтиҳонсупорӣ, коркарди марказонидаи натиҷаҳо, истифодаи рамзгузорӣ ва технологияҳои намогирӣ, дастрасии довталаб ба натиҷаҳои имтиҳон ва нусхаи варақаи ҷавобҳои худ, инчунин тақсимот ба воситаи барномаву модулҳои компютериро дар бар мегиранд.
Яке аз бахшҳои муҳимтарини низоми қабул озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбист. Соли 2026 ба воситаи низоми ИМД ба 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 4 филиали донишгоҳу донишкадаҳо, 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 9 филиали коллеҷҳо донишҷӯён қабул карда шуданд.
Тақсимот бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, алгоритм ва барномаи махсус анҷом шуда, мавқеи довталаб аз рӯйи бали бадастоварда ва афзалияти интихобҳои худи ӯ муайян мегардад. Натиҷаи тақсимот ба меъёрҳои пешакӣ муайяншуда ва маълумоти дар низом воридшуда такя мекунад. Чунин тартиб барои ҳифзи ҳуқуқи довталаб ва пешгирии таъсиррасонии ғайриқонунӣ ё берунӣ мусоидат менамояд.
Ҳуқуқи апеллятсия низ яке аз унсурҳои муҳими арзёбии одилона аст. Довталаб метавонад нисбат ба натиҷаҳои имтиҳон, аз ҷумла дар ҳолати эҳтимоли ғалат будани савол ё арзёбии нодуруст ба комиссияи апеллятсионӣ муроҷиат намояд. Ин имконият нишон медиҳад, ки шаффофият танҳо эълони натиҷа нест; он фароҳам овардани имкони санҷиши натиҷа ва ҳимояи ҳуқуқи довталабро низ дар бар мегирад.



Эътимод – натиҷаи шаффофияти воқеӣ
Ҳар низоми имтиҳонӣ ба дараҷае самарабахш аст, ки иштирокдорони он ба натиҷаҳои низом эътимод дошта бошанд. Эътимод аз таъмини шаффофияту адолат, тартибу қоидаҳои равшан, имкони санҷиши натиҷаҳо ва баробар татбиқ шудани меъёрҳо барои ҳамаи довталабон ташаккул меёбад.
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар фаъолияти Марказ дар самти маҳдуд намудани таъсири омилҳои субъективӣ аҳаммияти хос дорад. Ҳар қадар равандҳо бештар бо қоидаҳои муайян, рамзгузорӣ, алгоритмҳо ва назорати чандзинаӣ амалӣ шаванд, ҳамон қадар имкони дахолати берунӣ ба натиҷаҳо маҳдуд мегардад.
Аммо шаффофият танҳо масъалаи техникӣ нест. Он бо сатҳи огоҳии худи довталаб робитаи мустақим дорад. Довталаб бояд пеш аз бақайдгирӣ донад, ки кадом ихтисосҳоро интихоб карда метавонад, тартиби номнависӣ ва имтиҳонсупорӣ чӣ гуна аст, ҳуқуқу уҳдадориҳои ӯ аз чӣ иборатанд ва тақсимот чӣ гуна анҷом дода мешавад.
Аз ин рӯ, фаъолияти иттилоотию таблиғ дар низоми ИМД мавқеи муҳим дорад. Соли 2026 корҳои иттилоърасонӣ дар се сатҳ – ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва муассисавӣ ба роҳ монда шуданд. Дар даври дуюми курси шиносоӣ дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 4249 намояндаи мақомоти давлатӣ, сохторҳои маориф, директорон ва омӯзгорон иштирок карданд.
Вохӯриҳои мустақими кормандони Марказ 22 ҳазору 306 нафарро фаро гирифтанд. Ҳамзамон, таблиғгарони ИМД дар 3400 муассисаи таълимӣ бо 334 ҳазору 815 нафар хонанда, омӯзгор ва падару модар вохӯрданд.
Фаҳмонидани тартиби бақайдгирӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои довталаб, интихоби дурусти ихтисос ва механизми тақсимот боиси огоҳона амал кардани довталаб гардида, вобастагии ӯро аз овозаҳо ва «маслиҳатҳои ғайрирасмӣ» коҳиш медиҳад.
Бо ҳамин мақсад соли 2026-ум 32 ҳазор нусха «Роҳнамои довталаб», 227 ҳазору 240 нусха маҷмуаи саволу масъалаҳои тести қисми А, 66 ҳазору 150 нусха маҷмуаи қисми Б ва 124 ҳазору 100 нусха «Ёддошт барои довталаб» нашр гардид. Ҳадаф равшан аст: довталаб бояд пеш аз тасмим барои иштирок дар ИМД маълумоти зарурӣ ва дастрас дошта бошад.
Рақамикунонӣ ва дастрасии бештар ба хидматрасониҳо
Рушди технологияҳои рақамӣ дар низоми ИМД ва осонтару дастрас намудани хидматрасониҳои электронӣ барои довталабон ҳамеша дар мадди назар аст.
Яке аз чунин имкониятҳо «Пешномнависӣ» аст, ки ба довталаб имкон медиҳад маълумоти шахсӣ, ҳуҷҷатҳо, комбинатсияҳои ихтисосҳо, забон ва макони имтиҳонсупориро пешакӣ ба низом ворид кунад.
«Кабинети инфиродӣ» низ воситаи муҳими иртиботи довталаб бо низоми ИМД аст. Дар он маълумоти инфиродӣ, нусхаи даъватнома, гурӯҳ ва комбинатсияҳои ихтисосҳо, ҷадвали имтиҳон, нусхаи варақаи ҷавобҳо, холу балҳо ва натиҷаи тақсимот дастрасанд. Натиҷаҳои имтиҳон ва тақсимотро тавассути SMS-паёмак, кабинети инфиродӣ, дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ низ метавон дастрас кард.
Рақамикунонӣ танҳо истифодаи воситаҳои электронӣ ва барномаҳои компютерӣ нест. Моҳияти он дар ин аст, ки қисми зиёди иттилоот ва хидматрасониҳо ба шакле пешниҳод мешаванд, ки довталаб бе вобастагии зиёд аз маҳалли зист ба онҳо дастрасӣ пайдо кунад.
Соли 2026 дар 60 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил шуда, дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёр фаъолият карданд. Барои баргузории давраи асосии имтиҳонҳо 55 муассисаи таълимӣ дар 22 шаҳру ноҳия интихоб гардида, беш аз 1527 синфхона омода карда шуд. Беш аз 2620 нафар баъди омӯзишу санҷиш барои иҷрои корҳои муваққатӣ ҷалб шуданд.
Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки ИМД ба як раванди васеи ташкилию технологӣ табдил ёфтааст, ки дар он зерсохтор, кадрҳо, воситаҳои техникӣ, назорат ва хидматрасонӣ ба довталабон бо ҳам пайванданд.
Миқёси низом ва тағйироти он дар соли 2026
Дар соли 2026 низоми ИМД 130 муассисаи таълимӣ – 42 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбиро шомил буд. Дар заминаи синфи 11-ум 880 ихтисос пешниҳод шуда, бо дарназардошти муассиса, шакл ва намуди таҳсил аз рӯйи 6069 комбинатсияи ихтисос қабул ба роҳ монда шуд.
То 30-юми июни соли 2026 нақшаи қабули муассисаҳои таҳсилоти олӣ 74 ҳазору 510 ҷойро ташкил дод. Аз ин шумора 13 ҳазору 276 ҷой ройгон ва 61 ҳазору 234 ҷой пулакӣ буданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025 ба 15,78 дарсад зиёд аст.
Барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи синфи 11-ум 33 ҳазору 445 ҷой ва дар заминаи синфи 9-ум 22 ҳазору 435 ҷой пешбинӣ гардид.
Аммо танҳо афзоиши нақшаи қабул ҳанӯз маънои пурра ҳал шудани масъалаи дастрасӣ ба таҳсилро надорад. Барои таҳлили воқеии вазъ бояд ба сохтори талаботи довталабон ва мутобиқати он ба имкониятҳои мавҷуда низ таваҷҷуҳ кард.
Омор нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи довталабон ба гурӯҳҳои гуногуни ихтисосҳо яксон нест. Таносуби довталабон ба нақша дар гурӯҳи табиӣ ва техникӣ 72,81 дарсад, иқтисод ва география 89,10 дарсад, филология, педагогика ва санъат 157,14 дарсад, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ 138,30 дарсад ва тиб, биология ва варзиш 131,16 дарсадро ташкил дод.
Ин нишондиҳандаҳо нишон медиҳанд, ки омори қабул метавонад барои таҳлили тамоюлҳои интихоби касб ва муносибати талабот ба имкониятҳои мавҷудаи таҳсил низ истифода шавад.
Афзоиши фарогирӣ – нишонаи дастрасии бештар
Дар давраи якуми бақайдгирии соли 2026 дар заминаи синфи 11-ум ва таҳсилоти касбӣ 116 ҳазору 568 довталаб номнавис шуданд, ки нисбат ба соли 2025 ин 32,82 дарсад зиёд аст. Дар заминаи синфи 9-ум шумораи номнависшудагон 22 ҳазору 605 нафарро ташкил дода, 14,76 дарсад афзуд.
Ҷамъбасти ду давраи бақайдгирӣ дар заминаи синфи 11-ум ва таҳсилоти касбӣ 124 ҳазору 323 сабтро нишон дод. Дар заминаи синфи 9-ум 25 ҳазору 131 сабт сурат гирифт.
Афзоиши шумораи довталабонро метавон ҳамчун нишонаи густариши фарогирии низоми қабул арзёбӣ кард. Ҳамзамон, чунин омор барои дарки тағйироти талабот нисбат ба таҳсилоти касбӣ ва таҳлили интихоби гурӯҳҳои ихтисосҳо муҳим аст.
Дар соли таҳсили 2025-2026 аз 148 ҳазору 373 хатмкунандаи синфи 11-ум дар ду даври бақайдгирӣ 110 ҳазору 979 нафар барои иштирок дар ИМД номнавис шуданд, ки аз онҳо 50 ҳазору 124 нафар духтар ва 60 ҳазору 855 нафар писар буданд.
Аз қабули довталабон то истифодаи натиҷаҳо барои такмили таълим
Нақши Маркази миллии тестӣ имрӯз танҳо бо баргузории имтиҳон ва тақсимоти довталабон маҳдуд намешавад. Натиҷаҳои арзёбӣ метавонанд маълумоти муҳимро дар бораи сатҳи омодагии хатмкунандагон, мушкилоти фаннӣ ва тафовутҳои мавҷуда нишон диҳанд.
Аз ин нуқтаи назар, натиҷаҳои ИМД метавонад ҳамчун яке аз манбаъҳои маълумот барои дарки вазъи таълим истифода шавад: муайян кардани самтҳое, ки хонандагон дар онҳо мушкилӣ доранд, маълум намудани ниёзҳои минтақаҳо ва масъалаҳое, ки ба такмили барномаҳои таълимӣ ё рушди маҳорати омӯзгорон вобастаанд.
Бинобар ин, арзиши натиҷаи имтиҳон танҳо дар муайян кардани ҷойи довталаб дар озмун нест. Маълумоти ҷамъоваришуда метавонад барои қабули қарорҳои асоснок дар соҳаи маориф низ аҳаммият дошта бошад. Гузариш аз «имтиҳон ҳамчун воситаи қабул» ба «арзёбӣ ҳамчун манбаи маълумот барои рушди маориф» яке аз самтҳои муҳими рушди минбаъдаи низом мебошад.
Соли 2026 дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 1217 нафар иштирок карда, 453 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Дар се озмуни марбут ба бурсияҳои таҳсилӣ ва Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» низ 693 нафар иштирок карданд.
Маркази миллии тестӣ ва арзёбиҳои байналмилалӣ
Яке аз самтҳои фаъолияти оинномавии Марказ гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва арзёбии дониши хонандагон тавассути пажӯҳишҳои миллӣ ва байналмилалӣ аст.
Тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҷорӣ намудани механизмҳои самараноки арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар таҳқиқоти байналмилалии PISA, TIMSS, PIRLS ва дигар барномаҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими ислоҳот ба ҳисоб меравад.
PISA таҳқиқоти байналмилалии муқоисавии сифати таҳсилоти умумӣ буда, дониш ва малакаю маҳорати хонандагони 15-соларо дар се самт – саводи хондан, саводи математикӣ ва саводи илмҳои табиатшиносӣ арзёбӣ мекунад. Мақсади асосии он муайян намудани қобилияти хонандагон барои дар амал истифода намудани дониш аст.
Таҳқиқоти асосии PISA аз 2-юм то 25-уми апрели соли 2025 дар 160 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар бахши тест 5777 хонандаю таълимгиранда иштирок карданд, ки 5094 нафарашон тестро ба забони тоҷикӣ ва 683 нафар ба забони русӣ супориданд.
Дар доираи PIRLS 2026 аз Тоҷикистон 171 муассисаи таълимӣ аз 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ иштирок карданд. Дар маҷмуъ, 6991 хонандаи синфи чорум – 3359 духтар ва 3632 писар ба таҳқиқот фаро гирифта шуданд. Ин таҳқиқот ҷанбаҳои гуногуни саводи хондан, аз ҷумла дарки маъно, дарёфти маълумот, хулосабарорӣ, таҳлил ва истифодаи донишро дар бар мегирад.
Аҳаммияти иштироки кишвар дар чунин таҳқиқот дар имкони гирифтани маълумоти муқоисашаванда оид ба вазъи дониш ва малакаи хонандагону омилҳои ба онҳо таъсиррасон аст. Чунин маълумот метавонад барои такмили барномаҳои таълимӣ, рушди касбии омӯзгорон ва қабули қарорҳои асоснок истифода шавад.
Ҳамин тариқ, доираи фаъолияти Марказ тадриҷан васеъ шуда, аз вазифаи ибтидоии ташкили қабули довталабон ба самти арзёбӣ, таҳлили маълумот ва иштирок дар таҳқиқоти байналмилалӣ низ густариш ёфтааст.
Ислоҳоте, ки ба такмили доимӣ ниёз дорад
Ҳар низоми муваффақ барои нигоҳ доштани самаранокии худ ба такмили пайваста ниёз дорад. Аз ин рӯ, рушди минбаъдаи низоми ИМД низ бояд бо таҳлили таҷрибаи ҷамъшуда, ошкор намудани масъалаҳои ҳалталаб ва ҷорӣ намудани роҳҳои нави такмил алоқаманд бошад.
Дар баробари дастовардҳо, масъалаҳое низ боқӣ мемонанд, ки такмили минбаъдаро тақозо мекунанд. Пешниҳоди саривақтии нақшаҳои қабул, ягонасозии рамз ва номи ихтисосҳо, истифодаи фаъолтари хидматрасониҳои электронӣ, таҳлили сохтори интихоби довталабон ва мутобиқсозии имкониятҳои қабул ба талаботи воқеӣ аз ҷумлаи чунин масъалаҳоянд.
Дар марҳалаи имрӯза рақамикунонии минбаъдаи равандҳо, таҳлили босифати маълумот, амнияти иттилоотӣ, роҳнамоии касбӣ ва истифодаи самараноки натиҷаҳои арзёбӣ барои такмили сифати таълим аҳаммияти бештар пайдо мекунанд.
Ин нишон медиҳад, ки вазифаи низоми тестӣ бо ташкили қабули марказонидашуда анҷом намеёбад. Ҳар қадар низом рушд кунад, ҳамон қадар талабот ба сифати иттилоот, дақиқии арзёбӣ, дастрасии хидматрасониҳо ва истифодаи натиҷаҳо барои қабули қарорҳои самаранок бештар мегардад.
Эътимод ҳамчун арзиши асосии низом
Агар фаъолияти Маркази миллии тестиро дар як мафҳум ҷамъбаст кунем, ин мафҳумро метавон «эътимод» номид: эътимоди довталаб ба арзёбии одилона, эътимоди падару модар ба қоидаҳои ягона ва эътимоди давлат ба маълумоти воқеие, ки метавонад барои таҳлил ва такмили соҳаи маориф истифода шавад.
Эътимод падидаи якдафъаина нест. Он ҳар сол, дар ҳар марҳалаи бақайдгирӣ, баргузории имтиҳон, коркарди натиҷаҳо, апеллятсия ва тақсимот бозсозӣ мешавад ва такмил меёбад.
Дар солҳои аввали таъсиси Марказ вазифаи асосӣ ташкили механизми нави қабули довталабон буд. Имрӯз вазифаҳои дигар низ пеш омадаанд: истифодаи васеи имкониятҳои рақамӣ, такмили таҳлили маълумот, таъмини амнияти иттилоотӣ, рушди хидматрасониҳои электронӣ, беҳтар намудани роҳнамоии касбӣ ва самараноктар истифода бурдани натиҷаҳои арзёбӣ.
Дар ин раванд таҷрибаи ҷамъшудаи Марказ аҳаммияти муҳим дорад, зеро низоми арзёбӣ танҳо дар сурате метавонад ба рушди маориф мусоидат кунад, ки натиҷаҳои он на танҳо барои муайян намудани ғолиби озмун, балки барои дарки вазъи воқеии дониш ва омодагии довталабон низ истифода шаванд.
Ба сӯйи низоми боз ҳам муосиртар
Дар шароите, ки рушди ҳар давлат бештар ба сифати сармояи инсонӣ, сатҳи дониш ва омодагии касбии шаҳрвандон вобаста мегардад, низоми одилонаи интихоб ва арзёбӣ аҳаммияти стратегӣ пайдо мекунад. Ҳар довталабе, ки бо дониш, қобилият ва заҳмати худ ба муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ роҳ меёбад, танҳо ба ҳадафи шахсии худ ноил намешавад. Ӯ дар оянда метавонад ба яке аз нерӯҳои созандаи ҷомеа табдил ёбад.
Дар 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон низоми маориф марҳалаҳои гуногуни ислоҳотро паси сар кардааст. Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозии ИМД аз ҷумлаи он иқдомҳое ҳастанд, ки тартиби қабули довталабонро тағйир дода, принсипҳои шаффофият, адолат, рақобати солим ва баробарии имкониятҳоро ба механизмҳои амалии қабул пайвастанд.
Низоми ИМД пайваста таҳкиму такмил меёбад: фарогирии довталабон зиёд мешавад, имкониятҳои қабул васеъ мегарданд, хидматрасониҳои электронӣ рушд мекунанд, шабакаи нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ такмил меёбад ва натиҷаҳои арзёбӣ барои таҳлили вазъи таълим бештар аҳаммият пайдо мекунанд. Аммо арзиши асосии ин раванд танҳо дар афзоиши рақамҳо нест. Аҳаммияти воқеии он дар ин аст, ки дар низоми қабули довталабон тадриҷан фарҳанги нави арзёбӣ ташаккул меёбад – фарҳанге, ки дар он тартибу қоидаҳои ягона, меъёрҳои муайян, истифодаи технология, дастрасии иттилоот ва масъулияти ниҳодҳои дахлдор бо ҳам пайвастанд. Аз ин рӯ, фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд на танҳо ҳамчун баргузории як маъракаи ҳарсолаи имтиҳонӣ, балки ҳамчун қисми муҳимми ислоҳоти пайвастаи давлатӣ дар самти таҳкими адолати иҷтимоӣ, васеъ намудани баробарии имкониятҳо, рушди низоми арзёбӣ, истифодаи маълумоти боэътимод барои такмили сифати таҳсилот ва бунёди ҷомеаи донишмеҳвар арзёбӣ кард.
Маҳз дар ҳамин пайвастагӣ – арзёбии одилона, имконияти баробар, маълумоти муътамад ва истифодаи оқилонаи натиҷаҳо – аҳаммияти воқеии низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва нақши Маркази миллии тестӣ дар рушди маорифи кишвар ифода меёбад.
Сабзалӣ ҶАЪФАРЗОДА,
директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ