Оғози сохтмони баландтарин бино дар шаҳри Душанбе
Дар шаҳри Душанбе калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ иборат аз 77 ошёна ва 340 метр баландӣ бунёд карда мешавад.
3 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои бунёди ин иншоот дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сангӣ асос гузоштанд.
Бино ба иттилои расмӣ, маҷмааи меъморӣ, ки аз 52 силсилаи иншоот, аз ҷумла 5 бурҷи баланд иборат хоҳад буд. Бурҷи аз ҳама бузурги он «Бурҷи Душанбе» номида хоҳад шуд. Ин маҷмаа бо чунин бурҷҳои азим ва калонтарин маркази савдо (mall) дар кулли минтақа камназир хоҳад буд.
Маҷмаа дорои меҳмонхона, қаҳвахона, тарабхона, нуқтаҳои тиҷоратию хизматрасониҳои гуногун, ҳуҷраҳои корӣ, толори консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст, толори намоиши кино, маркази савдою фароғат, ҷой барои бозии кӯдакон, макони дилфаро барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, толори варзишӣ, боғ ва кӯл хоҳад буд.
Намои берунаи биноҳо мувофиқ ба талаботи брендҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад. Дар ин маҷмааи муҳташам намунаи маҳсулоти брендӣ ва хӯроку хизматрасониҳои ҷаҳонӣ ҳам пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мегардад.
Дар доираи лоиҳаи муосир 42 бинои истиқоматӣ бо 6160 манзили зист, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 хонанда ва кӯдакистон барои 500 кӯдак сохта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ