Барои алоқа, барои одамон, барои кишвар

 

МегаФон Тоҷикистон тӯли чоряк асри фаъолияти худ чӣ корҳоро анҷом дод? 

сентябр яке аз операторони пешбарителекоммуникатсионии Тоҷикистон 25-солагии худроҷашн мегирадЧоряк аср барои соҳаи алоқаи босуръатрушдёбанда мӯҳлати тӯлонист. Аз ин рӯномбаркардани ҳама дастовардҳоеки МегаФон Тоҷикистондар ин муддат ба онҳо ноил шудааст, дар як маводи оддӣ ғайриимкон астБиёед ба натиҷаҳои асосӣ диққатдиҳемЛекин аввалан хотиррасон бояд кард: дар соли 2001 оператор корро воқеан аз сифр оғоз карда буд.

Аз ПБ нахустин – то шабакаи бузург

Ширкат моҳи сентябри соли 2001 таъсис ёфтааст ва аввалинзанг дар шабакаи он 2 октябр анҷом дода шуд. Он вақт дар ихтиёри оператори ҷавон дар Душанбе танҳо якчандпойгоҳи базавӣ (ПБ) қарор дошт. Айни замон шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дорои тақрибан 1 860 майдони пойгоҳи базавӣ мебошад. Аз ин шумора, дар тақрибан 1 550 адад ё зиёда аз 80% пойгоҳи базавӣ технологияи 4G/LTE бо суръатҳои баланди интернети мобилӣ дастрас аст.  

Шабакаи хусусии хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ, ки шаҳрҳо ва минтақаҳои ҷумҳуриро мепайвандад ва дарозии умумии онҳо беш аз 2600 километрро ташкил медиҳад, ба интиқоли ҳаҷми бузурги трафики овозӣ ва интернет мусоидат мекунад. 

Аз Душанбе – то ҳадду канор 

МегаФон Тоҷикистон аввалин операторе буд, ки бунёдишабакаро берун аз шаҳрҳои калон, аз ҷумла дар минтақаҳоидурдасти кӯҳистонӣ оғоз намудкард. Инчунин, он аввалиноператоре буд, ки интернети 4G-ро дар ҳамаи марказҳоиноҳиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даровард. Алҳол алоқаи оператор ба 87,2% аҳолии кишвар дастрас аст. Ин боназардошти душвории бунёди шабака дар кӯҳҳо натиҷаибарҷаста мебошад. Ғайр аз ин, 85,4% сокинони Тоҷикистонимкон доранд, ки аз интернети 4G-и баландсуръат истифодабаранд.

Аз GSM – то шабакаҳои 4G

Дар соли 2001 операторон танҳо як технологияи рақамӣдоштанд – GSM ё 2G. Маҷмӯи хизматрасониҳои асосӣ танҳоба зангҳо ва SMS маҳдуд буд. Аммо ҳамагӣ чор сол пас МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда дар ИДМ шабакаи 3G-ро ба кор даровард. Дар соли 2011 оператор озмоишишабакаи 4G-ро оғоз кард – ҳамчунин аввалин дар кишвар. Ҳамин тавр инфрасохтори серқабатаи ширкат бунёд ёфта, алоқаи босифатро барои муштариён таъмин намуд. 

Танҳо дар тӯли 15 соли охиршуруъ аз соли 2012 МегаФон Тоҷикистон 290,5 миллион доллариИМА-ро барои сохтмони инфрасохторсармоягузорӣ кардааст

Аз зангҳо – то экосистемаи хизматрасониҳои рақамӣ

Дар тӯли 25 сол алоқаи мобилӣ ба пешравиҳои назаррас ноил шуд. Технологияҳои инноватсионӣ пайдо шуданд, кимуштариёни МегаФон Тоҷикистон онҳоро аксар вақтаввалин шуда истифода мебурданд. Дар қатори онҳо –кортҳои электронии eSIM ва технологияи VoLTE, ки овозитозаро бо имконияти ҳамзамон истифода бурдани интернетимобилии 4G-ро фароҳам меорад, қарор доранд. Бароибозори телекоммуникатсионии кишвар замимаи мобилии“МегаФон Life” – маҳсули дасти оператор беназир буд, он ба корбарон имкон медод, ки хизматрасониҳои алоқаи худротариқи смартфони худ идора кунанд, маблағ интиқолдиҳанд, чиптаҳои ҳавопаймоӣ фармоиш диҳанд, суғуртаимошинро ба расмият дароранд ва ба таври фосилавӣ тариқи як Super App масъалаҳои рӯзмарраро ҳал кунанд.

МегаФон Тоҷикистон инчунин пешниҳодҳои беназири тарофавиро таҳия кардааст. Масалан, “Биё! Бисоз 2.0” тарофаи сохташавандае мебошад, ки нархи онро худи муштариён худ муайян месозанд. Ин ҳам бори аввал дар таърих аст. Дар заминаи он тарофаҳои пешпардохтие таҳия гардидаанд, ки онҳо барои пардохти маблағи тарофа барои се, шаш ё нӯҳ моҳи минбаъда ва дастраскунии бонусҳо аз ин ҳисоб дар шакли трафики интернети иловагӣ имкон медиҳанд. 

Аз аввалин муштарӣ то аудиторияи думиллионнафара 

Инноватсияҳои мобилӣ, технологияҳои беназир ватарофаҳои оператор аз ҷониби корбарон баҳои баланд гирифтанд. Алоқаи “МегаФон Тоҷикистон”-ро айни замонзиёда аз 2 миллион муштарӣ истифода мебаранд. Ин тақрибан аз панҷ як сокини кишвар аст — натиҷаи аълобарои бозори рақобатпазири алоқаи ҶТ. 

Аз мутахассисони аввалин – то Дастаи калон

Дар оғози таърихи худ, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” як дастаи хурд дошт — ҳамагӣ 15 мутахассиси штатӣ амал мекарданд, ки ҳама дар Душанбе қарор доштанд. Баъзе аз воҳидҳои минтақавӣ, ки дар солҳои баъдӣ кушода шуданд, бо танҳо ду ё се корманд фаъолият мекарданд. Дар ҳоли имрӯз дастаи оператор аз 770 мутахассиси ботаҷриба иборатаст, ки 28 нафари онҳо дорои унвони олии “Устоди алоқаиҶумҳурии Тоҷикистон” мебошанд. Тахассуси худро кормандон метавонанд дар “Академияи МегаФон” ё тавассути онлайн-платформаи махсус такмил диҳанд. 

Ширкат на танҳо нисбати мутахассисони худ ғамхорӣ зоҳир мекунад, балки инчунин дар фикри омода кардани кадрҳобарои тамоми соҳаи алоқаи Тоҷикистон аст. МегаФон Тоҷикистон бо бузургтарин донишгоҳҳои кишвар ҳамкорӣ мекунад ва бо иштироки мутахассисони пешбари худ лексияҳо ва машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил мекунад. Ҳарсол тақрибан 50-60 донишҷӯ дар ширкат аз коромӯзӣ мегузаранд.

Дар панҷ соли охир “МегаФон Тоҷикистон” бешаз 3,2 миллион сомониро ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ вахайриявӣ равона кардааст

Аз тиҷоратӣ оддӣ – то тиҷорати иҷтимоӣ

Аз солҳои аввали фаъолият МегаФон Тоҷикистон ба самти хайрия ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекард. Аз дастгирии ширкат хонаҳои кӯдакон ва интернатҳо, оилаҳои камбизоат, лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва омӯзишӣ бархурдор ҳастанд. 

Оператор мунтазам соҳаи варзишро дастгирӣ намуда, дар ҳудуди тамоми кишвар мусобиқаҳои кӯдаконаи футбол доир менамояд, ба ҳайси шарики мусобиқаҳо оид ба киберварзиш, волейбол, парапланеризм, варзиши парашютӣ баромад мекунад. Бо ҳамин сабаб МегаФон Тоҷикистон барои бисёриҳо на танҳо алоқа аст. Он ҳамсояи наздик ва дӯсти неке мебошад, ки доимо дар паҳлуи Шумост.

МегаФон Тоҷикистон – 25 соли инноватсияҳо ва фаъолият ба манфиати тамоми кишвар! 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *