15 сол дар саҳна ва миллионҳо мухлис
9 сентябр зодрӯзи сарояндаи маъруфи эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева аст. Зулайхо 33 – сола шуд.
Зулайхо Маҳмадшоева 9 сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди калонии хонадон буда, солҳои кӯдакиашро бештар дар тарбияи бобову модаркалонаш гузаронидааст. Аз овони мактабхонӣ орзуи сароянда шуданро дошт ва аз ҳунари Манижа Давлатова илҳом мегирифт. Баъдан Манижа Давлатова на танҳо устоди маънавии ӯ, балки муаллифи чандин таронааш гардид.
Ҷолиб он аст, ки аввалин баромади Зулайхо низ 9 сентябр, дар рӯзи зодрӯз ва Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон сурат гирифтааст. Худи сароянда дар мусоҳибаи соли 2026 гуфтааст, ки 9 сентябри соли 2010 дар саҳнаи назди Театри опера ва балети Душанбе бо таронаи «Ватан» ҳунарнамоӣ кард. Ӯ ин сурудро то имрӯз яке аз таронаҳои шахсӣ ва азизтаринаш медонад.

Имрӯз Зулайхо аз сербинандатарин овозхонҳои тоҷик дар интернет низ ба шумор меравад.
Зулайхо Маҳмадшоева дар беш аз 15 соли фаъолияти эҷодӣ ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи эстрадаи муосири тоҷик табдил ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ