Аз гаҳвораҷунбонии Президент то таҳдиди “Гарбун” (видео)
Сулҳи Тоҷикистон худ ба худ ба даст наомадааст. Барои расидан ба он роҳи бисёр душвору пурпечутоб тай гардид, ҷони одамон ба хатар гузошта шуд, садҳо мулоқоту музокира сурат гирифт ва муҳимтар аз ҳама, иродаи қавии сиёсӣ лозим буд.
Ба назари ман, решаҳои сулҳи тоҷиконро бояд аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷустуҷӯ кард. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд ва роҳбарии давлатро ба уҳда гирифтанд, Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги бародаркуш қарор дошт.
Маҳз дар ҳамон рӯзҳои вазнин аз минбари Иҷлосия садо дод: «Ман ба шумо ва ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳ меорам!».
Ин сухан дар он вазъият танҳо як ваъда набуд. Он интихоби роҳ буд: роҳи сулҳ, оштӣ ва сарҷамъ намудани миллат.
Ман шахсан шоҳиди бисёр лаҳзаҳое ҳастам, ки амнияти Сарвари давлат зери хатар қарор дошт. Вале ҳатто дар чунин вазъиятҳо он кас аз роҳи интихобкардаи худ барнамегаштанд.
Ду сафари Бадахшон барои ман то имрӯз рамзи ҳамин хислати он кас боқӣ мондааст.
«МАН АЗ САФАР БАРНАМЕГАРДАМ»
Ҳангоми яке аз сафарҳо ба ноҳияи дурдасти Мурғоб бо чархбол аз Хоруғ парвоз мекардем. Ҳанӯз ба Булункӯл нарасида будем, ки ҳаво ногаҳон тағйир ёфт. Аввал борони сахт борид ва баъд он ба барф мубаддал шуд. Дидани роҳ торафт душвор мегардид.
Халабонҳо гуфтанд:
– Дар чунин ҳаво дигар пеш рафта наметавонем. Чораи дигар нест, бояд баргардем.
Барои баргаштани чархбол бояд аз Роҳбари давлат иҷозат мегирифтем. Наздашон даромада, вазъро фаҳмонидам:
– Муҳтарам Президент, ҳаво ниҳоят бад шуд. На метавонем пеш равем ва на боло бароем. Агар ҳоло барнагардем, баъдтар ҳатто имкони фуруд омадан ҳам намемонад.
Посух кӯтоҳ буд:
– Ман аз сафар барнамегардам.
Дубора назди халабонҳо омада, гуфтам, ки Президент розӣ нашуданд, бояд роҳи дигар пайдо кунем. Онҳо баъди машварат гуфтанд, ки танҳо як имконият ҳаст: каме ба қафо баргашта, дар наздикии деҳаи Аличӯл фуруд оем.
Чархбол дар даште фуруд омад, ки касе набуд. Мо ҷониби деҳа роҳ пеш гирифтем. Борону барф сахт меборид. Дар даромади деҳа сокинони маҳаллӣ чархболро диданд, гурӯҳе аз кӯдакони тоҷику қирғиз ба сӯйи мо давиданд.
– Эмомалӣ Раҳмон! Эмомалӣ Раҳмон!,- баланд шуд садои кӯдакон.
Аз паси кӯдакон занони деҳа низ баромаданд.
Роҳбарони маҳаллӣ бошанд, барои истиқболи Президент ба маркази ноҳия рафта будаанд. Онҳо гумон надоштанд, ки ҳавои номусоид сафари чархболро тағйир медиҳад ва Сарвари давлат ногаҳон дар ҳамин деҳаи дурдаст фуруд меоянд.
Президент бо мардуми одӣ самимона суҳбат карданд.
Баъдан ба ман гуфтанд, ки бояд роҳи идомаи сафарро бо мошин пайдо кунем.
Пешниҳод кардам:
– Ҷаноби Олӣ, шумо дар яке аз хонаҳо меҳмон шаведу каме истироҳат кунед, ман нақлиёт пайдо мекунам.
Ҳамин вақт миёни сокинон баҳси самимие сар шуд.
Қирғизҳо мегуфтанд:
– Президент бояд меҳмони мо шавад!
Тоҷикон бошанд, мехостанд Сарвари давлатро ба хонаи худ баранд.
Эмомалӣ Раҳмон ба баҳси онҳо нигоҳ карда, гуфтанд:
– Биёед, меҳмони бародарони қирғизамон мешавем.
Марде, ки моро ба хонааш даъват кард, табиб будааст.
Ҳамин ки ба манзили ӯ расидем, соҳиби хона аз ҳаяҷон қолини деворро канда, пеши пойи Президент густурд.
Хона гарму одӣ буд. Дар кунҷи он тифли навзоде дар гаҳвора мехобид.
Соҳибони хона дастархон оростанд. Ман бошам, барои пайдо кардани мошин баромадам.
«НИВА»-Е, КИ БӮЙИ МУРҒУ ГӮСФАНД МЕКАРД
Дар деҳа як «Нива» пайдо шуд, ки он на чарх дошту на аккумулятор. Мардум бисёр ташаббускор буданд. Соҳиби он бар ивази ду гӯсфанд чарху аккумулятор пайдо кард.
Мардуми қирғизи он минтақа, ки асосан чорводор буданд, бо мошинҳои худ бору чорво мекашонданд. Аз ҳамин сабаб дохили мошине, ки барои Президент пайдо кардем, бӯйи бузу гӯсфанду мурғ мекард. Вале мо чораи дигаре надоштем. Мошинро омода кардем ва ба он манзиле, ки Президент қарор доштанд, баргаштем. Ман вориди хона шудам ва манзараеро дидам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Эмомалӣ Раҳмон назди гаҳвора нишаста, онро меҷунбониданд.
Ман бо ҳайрат нигоҳ кардам.
Он кас маънои нигоҳамро фаҳмида, гуфтанд:
– Аз афташ, занҳо шарм карда, ба хона намедароянд. Кӯдак бедор шуду гиря кард, ман гаҳвораашро ҷунбонидам…
Модари кӯдакро даъват кардем ва тифлашро ба ӯ супоридем.
Баъд Президент ҳамроҳи мо ба ҳамон «Нива»-и кӯҳна нишастанд. Соҳиби мошин аз шодӣ худро гум карда буд. Ҳангоми рондан гоҳо дастонашро ба сӯйи осмон мебардошт ва мегуфт:
– Худоё, аз ин дида хушбахтӣ мешавад?! Ман бо мошини худам Сарвари давлатро бурда истодаам! Афсӯс, касе нест, ки сурати моро бигирад!
Тақрибан якуним соат бо ҳамон мошин роҳи кӯҳиро тай карда, ба маркази ноҳия расидем. Чархбол аз мо пештар ба Мурғоб расида буд. Мардуми барои истиқбол ҷамъшуда дида буданд, ки чархбол холӣ аст ва ҳайрон монда буданд, ки Президент куҷост.
Ӯ бошад, аллакай бо роҳи заминӣ, ҳамроҳи сокинони Мурғоб суҳбат дошт.
Ин лаҳзаро барои он нақл мекунам, ки як хислати Эмомалӣ Раҳмонро нишон диҳам: вақте барои расидан ба ҳадаф тасмим мегирифтанд, мушкилӣ он касро аз роҳ барнамегардонд.
САФАРЕ, КИ ҲАТТО РАИСИ ВИЛОЯТ ХАБАР НАДОШТ
Сафари дигари фаромӯшнашаванда сафари нахустини Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ буд. Он солҳо вазъияти Бадахшон бисёр мураккаб буд. Аз сафари Роҳбари давлат қариб касе хабар надошт. Чархболи мо ба қароргоҳи нерӯҳои сарҳадбони Русия фуруд омад. Вақте ба толори маҷлис ворид шудем, раиси вилоят Президентро диду аз сухангӯӣ бозмонд. Пас аз лаҳзае ба худ омаду қарсак зад.
Аҳли толор нахуст ҳайрон шуданд, баъд ба қафо нигариста, Эмомалӣ Раҳмонро диданд ва ҳама аз ҷой бархостанд. Президент рост ба минбар рафтанд. Ҳанӯз суханронии он кас ба охир нарасида буд, ки хабар расид:
– Зиёда аз якуним ҳазор силоҳбадаст толорро иҳота кардаанд.
Вазъро ба Президент фаҳмонидам.
Гуфтанд:
– Рав, пурс, чӣ мехоҳанд.
Назди онҳо баромадам.
Гуфтанд:
– Чаро моро ба мулоқот даъват накардед? Мо ҳам бо Президент гап дорем.
Ба толор баргашта, вазъро гуфтам.
Ҷавоб доданд:
– Бигзор намояндаҳояшон дароянд. Фақат эҳтиёт кунед, тирпарронӣ нашавад. Дар ин ҷо мардуми бесилоҳ нишастаанд. Ман намехоҳам касе осеб бинад.
Дар он лаҳза, ки худи ҷони Президент дар хатар буд, аввалин нигаронии он кас амнияти мардум буд.
Якчанд нафар аз намояндагони гурӯҳи мусаллаҳ вориди толор шуданд. Дар миёни онҳо шахсе буд бо лақаби «Гарбун». Ӯ ба минбар баромад ва микрофонро гирифта, гуфт:
– Ман давлати шуморо эътироф намекунам.
Эмомалӣ Раҳмон оромона ҷавоб доданд:
– Дар як оила чанд фарзанд бошад, мумкин якеаш нисбати падару модар нописандӣ кунад. Ман ба ин ҷо барои он наомадаам, ки ту маро эътироф мекунӣ ё не. Ман барои мулоқот бо мардум омадаам. Инҳо миллати мананд ва ин ҷо Ватани ман аст.
Аҳли толор аз ҷой боло шуданд, қарсак заданд.
Ин ба “Гарбун” писанд наомад.
– Ман очаи шуморо нишон медиҳам,- гуфт.
СУЛҲРО БО ҶАСОРАТ ҲИФЗ КАРДАНД
Ман ин ду ҳодисаро аз миёни даҳҳо сафари он солҳо мисол овардам, ки як ҳақиқат равшан шавад: роҳи сулҳи Тоҷикистон дар толорҳои бароҳат тай нашудааст. Он роҳ аз миёни кӯҳҳои пурбарфи Мурғоб, аз роҳҳои хатарноки Бадахшон, аз миёни гурӯҳҳои мусаллаҳ ва аз мулоқотҳои рӯ ба рӯ бо одамоне мегузашт, ки ҳанӯз ҳукумати қонуниро эътироф намекарданд.
Дар чунин лаҳзаҳо роҳбар метавонад роҳи осонро интихоб кунад – баргардад, худро аз хатар дур созад, мулоқотро мавқуф гузорад.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон борҳо роҳи дигарро интихоб мекарданд: рафтан ба назди мардум, шунидани онҳо ва аз роҳи интихобшуда барнагаштан.
Имрӯз, вақте мо аз сулҳу суботи Тоҷикистон сухан мегӯем, бояд бидонем, ки ин оромӣ ба осонӣ ба даст наомадааст.
Сулҳро имзо кардан кофӣ нест.
Сулҳро бояд ҳифз кард. Барои сулҳ, лозим ояд, бояд ҷони худро ба хатар гузошт.
Ва он гаҳворае, ки дар як хонаи одии қирғиз дар Мурғоб Сарвари давлат ҷунбониданд, барои ман то имрӯз як рамзи бузург боқӣ мондааст: Гаҳвораи ваҳдат. Гаҳвораи сулҳ.
Қозидавлат Қоимдодов,
ходими давлативу сиёсӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ