Тоҷикистон -Эрон -Афғонистон. Даҳлези нав чӣ имконият медиҳад?

Намояндагони Тоҷикистон, Эрон ва ҳукумати амалкунанда дар Афғонистон дар як нишасти сеҷониба дар шаҳри Машҳади Эрон созишномаи фаъол сохтани як даҳлези сеҷонибаи боркашонии заминиро имзо кардаанд. Аз Тоҷикистон дар ин нишаст Шоиста Саидмуродзода, муовини вазири нақлиёти кишвар иштирок кардааст.

Чаро ин созишнома муҳим аст?

Дар шароите, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста барои диверсификатсияи роҳҳои нақлиётӣ ва коҳиши вобастагӣ аз як ё ду масири анъанавӣ талош мекунанд, таъсиси чунин даҳлез аҳамияти стратегии калон дорад.
То имрӯз қисми зиёди ҳамлу нақли мол миёни Тоҷикистон ва Эрон тавассути қаламрави Ӯзбекистон ва Туркманистон анҷом дода мешавад. Ин масир, гарчанде фаъол аст, аз гузаштани чандин марз, расмиёти гумрукӣ ва вобастагӣ ба сиёсати транзитии кишварҳои дигар иборат мебошад.

Даҳлези нав пешниҳод мекунад, ки борҳо мустақиман аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути Афғонистон интиқол дода шаванд. Дар сурати муваффақ шудани тарҳи озмоишӣ, ин роҳ метавонад масофаи ҳамлу нақлро кӯтоҳ кунад, вақти интиқоли борро кам намояд, арзиши нақлиётиро поин барад, рақобатпазирии молҳои содиротӣ ва воридотиро баланд бардорад.
Ин масъала махсусан барои соҳибкороне муҳим аст, ки суръати интиқоли мол ва хароҷоти логистикӣ барои онҳо нақши ҳалкунанда доранд.

Афғонистонкишвари транзитӣ

Солҳои охир ҳукумати амалкунандаи Толибон кӯшиш дорад Афғонистонро аз кишвари ҷангзада ба маркази транзитии минтақа табдил диҳад. Барои ин роҳҳои оҳан, шоҳроҳҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ ҳамчун воситаи рушди иқтисодӣ истифода мешаванд.

Барои Афғонистон ин даҳлез метавонад манбаи нави даромад аз ҳисоби хизматрасониҳои транзитӣ гардад. Ҳамзамон рушди тиҷорати қонунӣ метавонад барои беҳтар гардидани вазъи иқтисодии ноҳияҳои марзӣ мусоидат кунад.

Манфиати Тоҷикистон

Барои Тоҷикистон ин тарҳ аз чанд ҷиҳат муҳим аст.
Аввалан, кишвар ба яке аз бузургтарин бозорҳои Ховари Миёна ва бандарҳои баҳрии Эрон наздиктар мешавад.
Дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон масъалаи таъсиси маркази логистикии Тоҷикистон дар бандари Чобаҳор низ баррасӣ гардид. Агар ин тарҳ амалӣ шавад, Тоҷикистон имконияти бештар барои истифода аз роҳҳои баҳрии Уқёнуси Ҳинд пайдо мекунад.
Дуюм, ин масир метавонад барои содироти маҳсулоти тоҷикӣ имкониятҳои нав фароҳам орад. Айни ҳол Тоҷикистон асосан алюминийи коркарднашуда ва нахи пахтаро ба Эрон содир мекунад. Бо рушди инфрасохтори нақлиётӣ имкони афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва саноатӣ низ бештар мешавад.

Эрон вориди минтақа мешавад

Эрон солҳои охир сиёсати густариши робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро фаъолона пеш мебарад.
Барои Теҳрон Тоҷикистон бозори муҳим ва дарвозаи вуруд ба минтақа мебошад. Илова бар ин, Эрон мехоҳад бандари стратегии Чобаҳорро ба яке аз марказҳои асосии транзитии минтақа табдил диҳад.
Дастрасии мустақим ба бозори Тоҷикистон метавонад ҳаҷми содироти маҳсулоти эрониро зиёд намояд. Айни ҳол Эрон ба Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти кимиёвӣ ва дигар молҳои истеъмолиро содир мекунад.

Чолишҳои асосӣ

Бо вуҷуди имкониятҳои зиёд, амалӣ шудани тарҳ аз як қатор омилҳо вобаста хоҳад буд.
Муҳимтарин масъала амният дар қаламрави Афғонистон мебошад. Гарчанде мақомоти Толибон аз беҳтар шудани вазъ сухан мегӯянд, соҳибкорон ва ширкатҳои байналмилалӣ ҳанӯз ҳам нисбат ба амнияти ҳамлу нақл эҳтиёткоранд.

Аз ҳамин сабаб, қарор шудааст, ки дар моҳи аввал як корвони озмоишии мол аз Эрон ба Тоҷикистон фиристода шавад, то тамоми мушкилоти роҳ, гумрук ва марз дар амал санҷида шавад.
Масъалаи дигари муҳим – ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ мебошад. Барои фаъолияти муназзами даҳлез бояд низоми ягонаи суғуртаи бор, содагардонии гирифтани раводид барои ронандагон, рақамикунонии ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ва коҳиши вақти интизорӣ дар гузаргоҳҳо таъмин гардад.

Агар чунин тарҳ амалӣ шавад, Тоҷикистон метавонад мавқеи худро ҳамчун ҳалқаи муҳими робитаи Осиёи Марказӣ бо Халиҷи Форс ва Уқёнуси Ҳинд таҳким бахшад.
 

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *