Соли 2030 дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир мешавад
Аз 1 то 31 октябри соли 2030 дар саросари Тоҷикистон барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.
Дар ин бора директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил яке аз манбаъҳои муҳими маълумоти оморӣ ба ҳисоб рафта, барои муайян намудани шумора ва таркиби аҳолӣ, вазъи воқеии иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ва шароити манзилии онҳо аҳамияти калон дорад.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода таъкид намуд, ки натиҷаҳои барӯйхатгирӣ ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатии рушди устувор, банақшагирии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва андешидани тадбирҳо барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ истифода мешаванд.
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар ҷараёни он маълумот вобаста ба шумораи аҳолӣ, синну сол, ҷинс, шуғл, таҳсилот, вазъи оилавӣ, муҳоҷират ва шароити манзилии шаҳрвандон ҷамъоварӣ ва таҳлил мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ