Ошкори 336 миллион сомонӣ қоидавайронкунии молиявӣ дар Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ба маблағи 336 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявиро ошкор кардааст. Аз ин маблағ 202 миллиону 800 ҳазор сомонӣ барқарор карда шудааст.

Дар ин бора раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, қоидавайронкуниҳои молиявӣ дар натиҷаи баргузории 51 чорабинии аудиторӣ дар вазорату идораҳо, марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳо ошкор шудаанд.

«Ин маблағ дар натиҷаи 51 чорабинии аудиторӣ, ки Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳо анҷом дод, ошкор гардид», — гуфт Ҷамшед Каримзода.

Раиси Палатаи ҳисоб ҳамчунин хабар дод, ки аз рӯйи натиҷаҳои санҷишҳо 27 мавод ба маблағи умумии 212 миллиону 100 ҳазор сомонӣ барои баррасӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ ирсол гардидааст.

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мақоми олии назорати давлатии молиявӣ буда, истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ ва дороиҳои давлатиро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *