Барои омӯзгорони Донишгоҳи омӯзгорӣ бинои 15-ошёна бунёд мешавад

Дар шаҳри Душанбе сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оғоз гардидааст.

Дар ин бора ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст.

Бинои нав 15 ошёна буда, дар он 230 манзил, аз ҷумла 90 хонаи якҳуҷрагӣ ва 140 хонаи дуҳуҷрагӣ ҷойгир мешавад.

Тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ дар давоми якуним то ду сол ба анҷом расонида мешаванд.

Гуфта мешавад, манзилҳои сохташуда пеш аз ҳама ба омӯзгорони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ, инчунин мутахассисоне, ки аз ноҳияҳои дурдаст барои кор ба донишгоҳ омадаанд, пешниҳод карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *