Маҷмуи маҳсулоти минтақавии Душанбе ба 19,2 миллиард сомонӣ расид

Дар шаш моҳи соли 2026 маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Душанбе 19,2 миллиард сомониро ташкил дод. Суръати афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд буда, саҳми пойтахт дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 24 фоиз баробар гардидааст.

Дар ин бора муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда барои афзоиши нишондиҳандаҳои саноатии пойтахт дар нимсолаи аввали соли 2026 заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Таъкид гардид, ки рушди корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва тақвияти иқтидори содиротии шаҳр аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба шумор мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *