Ҳасан Асадуллозода – молиядон, сармоягузор ва яке аз бонуфузтарин намояндагони бахши бонкии Тоҷикистон

Идомаи мақолаи “Тоҷикони муваффақ дар Русия”

Ҳасан Асадуллозода (маъруф бо номи Ҳасан Саъдуллоев) яке аз маъруфтарин молиядонҳои Тоҷикистон мебошад. Ӯ Раиси Шурои директорони «Ориёнбонк» – бузургтарин бонки хусусии кишвар аст. Зиёда аз бист сол аст, ки дар рушди низоми бонкӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодии ҷумҳурӣ нақши намоён дорад.

Бо чӣ маъруф аст?

Ҳасан Асадуллозода фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун иқтисоддон оғоз кардааст. Дар ибтидои солҳои 2000-ум роҳбарии Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистонро ба уҳда гирифт. Баъдан ба ҳайси роҳбари ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ – XXI аср» фаъолият намуд. Соли 2003 Раиси Шурои директорони «Ориёнбонк» интихоб гардид. Зери роҳбарии ӯ бонк ба яке аз калонтарин муассисаҳои молиявии Осиёи Марказӣ табдил ёфт.

Дар тӯли ин солҳо «Ориёнбонк» шабакаи филиалҳои худро ба таври назаррас густариш дода, технологияҳои муосири бонкиро ҷорӣ намуд ва ба яке аз сармоягузорони асосии бахшҳои саноат, энергетика, сохтмон, кишоварзӣ ва савдои хориҷӣ мубаддал гардид. Бонк инчунин дар хизматрасонии ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ, қарздиҳии соҳибкорӣ ва татбиқи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ нақши муҳим мебозад.

Меъмори бузургтарин бонки хусусии кишвар

Номи Ҳасан Асадуллозода пеш аз ҳама бо рушди «Ориёнбонк» – бузургтарин бонки хусусии Тоҷикистон пайванд дорад. Дар тӯли зиёда аз ду даҳсола таҳти роҳбарии ӯ бонк аз як муассисаи молиявии тиҷоратӣ ба яке аз сутунҳои асосии низоми бонкии кишвар ва такягоҳи муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт.

Имрӯз «Ориёнбонк» дар татбиқи бисёр лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон нақши муассир дорад. Фаъолияти он тамоми бахшҳои калидии иқтисодро фаро гирифта, маблағгузории корхонаҳои бузурги саноатӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, хизматрасонӣ ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикӣ ва нақлиёт, рушди хизматрасониҳои рақамии бонкӣ ва анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалиро дар бар мегирад.

Дар солҳои охир «Ориёнбонк» ба яке аз пешсафони ҷорӣ намудани технологияҳои муосири молиявӣ низ табдил ёфта, доираи хизматрасониҳои электронии худро пайваста васеъ менамояд. Ин иқдомҳо дастрасии аҳолӣ ва соҳибкоронро ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ бамаротиб беҳтар карданд.

Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти бонк таъмини интиқоли босуръат ва боэътимоди маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Дар тӯли солҳои зиёд маҳз тавассути шабакаи «Ориёнбонк» қисми назарраси маблағҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд. Барои миллионҳо оилаи тоҷик ин маблағҳо яке аз манбаъҳои асосии таъмини рӯзгор буда, дар нигоҳ доштани суботи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар нақши муҳим бозидаанд.

Маҳз ҳамин дастовардҳо имкон доданд, ки «Ориёнбонк» имрӯз ҳамчун яке аз бонуфузтарин муассисаҳои молиявии Тоҷикистон ва минтақа шинохта шуда, номи Ҳасан Асадуллозода дар рушди низоми бонкии муосири кишвар ҷойгоҳи махсус пайдо кунад.

Фаъолияти байналмилалӣ

Ҳасан Асадуллозода пайваста бахши молиявии Тоҷикистонро дар форумҳои байналмилалии иқтисодӣ ва ҳамоишҳои сармоягузорӣ намояндагӣ мекунад.

Ӯ борҳо дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуда, бо намояндагони бонкҳо, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории Русия мулоқот анҷом додааст.

Фаъолияти ӯ ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоя ва таҳкими робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ равона шудааст.

Сармоягузорӣ ба бахшҳои стратегии иқтисод

Ғайр аз фаъолияти бонкӣ, Ҳасан Асадуллозода дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ низ саҳми назаррас дорад. Номи ӯро бо рушди якчанд бахши калидии иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла меҳмонхона, амволи тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, инфрасохтори логистикӣ ва баъзе соҳаҳои саноатӣ пайванд медиҳанд.

Сармоягузориҳои ӯ ба бунёди иншооти нав, ҷалби технологияҳои муосир, таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва афзоиши иқтидори иқтисодии кишвар мусоидат намудаанд. Ҳамзамон, рушди ин лоиҳаҳо ба зиёд шудани ҳаҷми пардохтҳои андоз, ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ ва беҳтар шудани муҳити соҳибкориву сармоягузорӣ низ таъсири мусбат расонидааст.

Бо чунин фаъолияти сармоягузорӣ Ҳасан Асадуллозода худро на танҳо ҳамчун бонкдори муваффақ, балки ҳамчун яке аз сармоягузорони фаъоли иқтисоди миллӣ муаррифӣ кардааст.

Чаро ба сафи бонуфузтарин тоҷикони Русия ва ИДМ дохил мешавад?

Гарчанде Ҳасан Асадуллозода мустақиман дар Русия соҳибкории бузург надорад, нуфузи ӯ аз марзҳои Тоҷикистон фаротар меравад.

Тавассути низоми молиявии «Ориёнбонк» ҳаҷми назарраси ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ ва интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия фаъолият мекунанд, амалӣ мегардад. Ин ҳолат бонки таҳти роҳбарии ӯро ба яке аз муҳимтарин пулҳои молиявии байни Тоҷикистон ва Русия табдил додааст.

Ҳамзамон, иштироки ӯ дар форумҳои байналмилалии иқтисодӣ ва ҳамкориаш бо доираҳои молиявию соҳибкории Русия ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузории байни ду кишвар мусоидат мекунад.

Маҳз маҷмуи таҷрибаи молиявӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, фаъолияти фаъоли байналмилалӣ ва роҳбарии чандинсолаи бузургтарин бонки кишвар имкон медиҳад, ки Ҳасан Асадуллозода яке аз бонуфузтарин чеҳраҳои иқтисоди муосири Тоҷикистон арзёбӣ гардад.

(Идома дорад)

Таҳия, тарҷума ва такмили Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *