Аз 1 август қабули хонандагони синфи якум оғоз мешавад
Волидон дар Тоҷикистон метавонанд аз 1 августи соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои фарзандони худро барои қабули онҳо ба синфи якум пешниҳод кунанд.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, барои ба синфи якум қабул кардани кӯдак парвандаи шахсӣ, ду дона акси 3×4, аризаи волидон, шаҳодатномаи таваллуд, маълумотномаи тиббӣ ва маълумотнома аз ҷойи зист зарур аст.
Қабули кӯдакон ба синфҳои якуми таълимашон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ройгон анҷом дода мешавад.
Пеш аз қабул бо кӯдак суҳбати кӯтоҳ гузаронида мешавад. Ҳадафи он муайян кардани сатҳи рушди умумӣ ва қобилияти фикрронии кӯдак аст.
Ба синфи якум дар соли таҳсили нав кӯдаконе қабул мешаванд, ки то 31 декабри соли 2019 таваллуд шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ