Дар Бохтар лоиҳаи «Шаҳри Бехатар» амалӣ мешавад
Бо мақсади таъмини ҳаракати бехатару мунтазами нақлиёт, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва истифодаи технологияи муосир дар идоракунии ҳаракат дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» роҳандозӣ мегардад.
Ба хотири амалӣ кардани ин лоиҳа, чароғакҳои муосири рақамӣ, камераҳои мушоҳидавӣ, сутунпояҳои махсус ва беш аз 25 ҳазор метр ноқили барқӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шуд. Бо истифода аз таҷҳизоти мавриди назар низоми муосири «Шаҳри бехатар» дар кӯчаҳои марказӣ, чорроҳаҳо, роҳҳои асосии дохилишаҳрӣ ва дигар мавзеъҳои муҳими фаъол хоҳад шуд.
Pressa.tj ҳанӯз моҳи июли соли 2024 аз фаъолшавии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Бохтар хабар дода буд.
Баъди ба охир расидани корҳои васлу насби таҷҳизоти зарурӣ, низоми муосири назорат ва идоракунии ҳаракати нақлиёт мавриди истифода қарор гирифта, барои танзими беҳтари ҳаракат, баланд бардоштани сатҳи амнияти ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ мусоидати назаррас хоҳад намуд.
Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик корҳои васлу насби таҷҳизоти воридшуда оғоз карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ