Аз дипломат то раиси КДАМ (видео)
Имрӯз, 23 июл сиёсатмадори тоҷик, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зодрӯз дорад. Ӯ 23 июли соли 1955 ба дунё омадааст. Номбурда соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти худро ҳамчун корманди оперативӣ оғоз намуда, баъдан дар сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва дастгоҳи марказии Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаро иҷро кардааст.
Дар солҳои минбаъда ба ҳайси сардори раёсат, муовини вазири амнияти Тоҷикистон ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2007–2010 сафири Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои Аврупо ва роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои аврупоӣ буд.
Саймумин Ятимов аз соли 2010 инҷониб роҳбарии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Ба Саймумин Ятимов саломатӣ, умри дароз ва дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно дорем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ