Дар Хатлон беш аз 2 ҳазор маҳбус бар асоси қонуни авф озод шуданд
Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон 2 ҳазору 69 нафар аз адои минбаъдаи ҷазо озод шудаанд.
Дар ин бора Икром Зоирзода, прокурори вилояти Хатлон, имрӯз, 23 июл, зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии маҳбусони озодшуда 300 нафарро занон ташкил медиҳанд.
«Яъне, 2 ҳазору 69 маҳбус аз адои минбаъдаи ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ озод гардиданд. Аз шумораи умумии онҳо 300 нафар зан мебошанд», — гуфт прокурори вилояти Хатлон.
Икром Зоирзода ҳамчунин зикр кард, ки аз оғози мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» муқаррароти он нисбат ба 448 айбдоршаванда ва судшаванда низ татбиқ гардидааст.
Қонуни авф имкон медиҳад, ки нисбат ба гурӯҳҳои муайяни маҳкумшудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон сабукиҳои пешбинишуда амалӣ гарданд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар доираи татбиқи ин қонун дар саросари кишвар озод шудани зиёда аз 18 ҳазор маҳкумшуда аз муассисаҳои ислоҳӣ дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ