Афзоиши донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон

Соли равон донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино зиёд шудаанд. Айни ҳол дар донишгоҳ 2161 донишҷӯ аз 32 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд. Аз онҳо 2104 нафар дар зинаи таҳсилоти то дипломӣ ва 57 нафар дар зинаи баъдидипломӣ қарор доранд.

Дар ин бора ректори донишгоҳ Нуриддин Муҳиддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои ректор дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино айни замон 14 ҳазору 879 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии донишҷӯён 9863 нафар дар факултети тиббӣ, 2539 нафар дар факултети стоматологӣ, 1212 нафар дар факултети педиатрӣ, 750 нафар дар факултети тиббӣ-профилактикӣ ва 515 нафар дар факултети фармасевтӣ таҳсил доранд.

Зикр гардид, ки шумораи донишҷӯён нисбат ба соли таҳсили гузашта 0,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз ин шумора 7304 нафар ё 49,1 дарсадро духтарон ташкил медиҳанд.

Нуриддин Муҳиддинзода гуфт, ки таълим дар донишгоҳ бо се забон -тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон донишҷӯён дар 886 гурӯҳи академӣ таҳсил мекунанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *