Шинос шавед! Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ тасдиқ шуданд. Ҳамин тариқ, 9 эҷодкор ва пажӯҳишгари тоҷик дар соли 2026 соҳиби ин ҷоизаи бонуфуз гардиданд.
Дар бахши адабиёт Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба Саидзода Насруддин Саид барои романи «Нони шарикӣ» ва Раҳмонзода Давлаталӣ Мусо барои маҷмуаи шеърҳои «Номаи офтоб» дода шуд.

Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ Саидзода Фурқат Фатҳулло барои маҷмуаи сурудҳои «Сози ватандорӣ», Қосимзода Шералӣ Файзалӣ барои маҷмуаи сурудҳои «Меъмори Истиқлол» ва Холиқов Исматулло Ҳикматуллоевич барои маҷмуаи сурудҳои «Чашмаи меҳр» сазовори ҷоиза дониста шуданд.

Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ ҷоиза ба Ҷӯраев Ғафур Ҳоҷиевич барои китоб-албоми «Живопись. Монументальная скульптура» тақдим гардид.
Дар бахши журналистика Муртазо Бахтиёр Қосим ва Мусозода Шералӣ Сафар барои маҷмуаи очеркҳо ва қиссаҳои ҳуҷҷатии «Чароғафрӯзон» соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ шуданд.

Ҳамчунин, дар бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ Мамадназаров Абдусалом барои тарҷума ба забони англисӣ, пажӯҳиш, нашр ва рӯнамоии осори Садриддин Айнӣ – «Ҷаллодони Бухоро», «Марги судхӯр», «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» дар Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон бо ин ҷоиза сарфароз гардид.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ яке аз олитарин мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг буда, ҳамасола ба шахсоне тақдим мегардад, ки бо осори арзишманд ва фаъолияти эҷодии худ дар рушди адабиёт, санъат, меъморӣ, журналистика ва муаррифии фарҳанги тоҷик саҳми назаррас мегузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ