ВКД пешниҳод дорад ҷазо барои таваққуф дар қатори дуюм ва сеюм сахттар шавад

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 531 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 287 нафар ба ҳалокат расида ва 508 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар ин бора вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 21 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазир, масъалаи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ҳамоно яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ боқӣ мемонад.

Ҳамчунин, Рамазон Раҳимзода аз мушкилоти таваққуфи ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт ёдовар шуда, гуфт, ки таваққуфи мошинҳо дар қаторҳои дуюм ва сеюм яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани танбашавии ҳаракат дар шаҳри Душанбе мебошад.

«Мо мехоҳем ба қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Тибқи он ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм ва монеа эҷод намудан ба ҳаракати нақлиёт пурзӯр гардида, ҷазо барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо вазнинтар карда шавад», – гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати корҳои дохилӣ дар назар дорад бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ масъулияти ронандагонро барои чунин қонуншиканиҳо пурзӯр намояд, то ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои пойтахт ва дигар шаҳрҳо беҳтар танзим гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *