Нусратулло Давлатзода: Нақшаи андоз 123,3% иҷро шуд

Дар нимсолаи аввали соли 2026 ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 17 миллиарду 402,5 миллион сомонӣ ворид шудааст. Дар ин бора Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, нақшаи воридоти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 123,3 фоиз иҷро гардидааст. Маблағи ҷамъоваришуда нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3 миллиарду 292,4 миллион сомонӣ бештар мебошад.

Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, нақшаи воридоти андозҳо дар минтақаҳо чунин иҷро шудааст:

– Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 100,2%;
– вилояти Хатлон – 103 %;
– вилояти Суғд – 106,3 %;
– шаҳри Душанбе – 126,7 %;
– шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 109,4 %.

Нишондоди баландтарин ба Раёсати андозсупорандагони калон марбут буда, нақшаи воридоти андоз аз ҷониби ин сохтор 141,6 фоиз таъмин гардидааст.

Нусратулло Давлатзода гуфт, ки мақомоти андоз дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои такмили маъмурикунонии андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандону андозсупорандагон ва васеъ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳо андешидаанд.

Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, ҷараёни рақамикунонии соҳаи андоз идома дошта, қисми зиёди хизматрасониҳои давлатӣ ва расмиёти бақайдгирӣ ба шакли электронӣ гузаронида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *