Алимамад Боймамадов – соҳибкор ва яке аз чеҳраҳои фаъоли ҷомеаи тоҷикони Русия
Дар миёни шахсиятҳои тоҷиктаборе, ки тайи солҳои охир дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодии Федератсияи Русия нақши назаррас бозидаанд, номи Алимамад Баймамадов ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ на танҳо ҳамчун соҳибкори муваффақ, балки ҳамчун яке аз фаъолони маъруфи ҷомеаи тоҷикони муқими Русия шинохта мешавад.
Алимамад Боймамадов солҳои зиёд дар соҳаи соҳибкорӣ фаъолият намуда, фаъолияти худро асосан ба бахши савдо ва таъмини масолеҳи сохтмонӣ равона кардааст. Ба ӯ ва шариконаш як қатор ширкатҳое мансуб дониста мешаванд, ки дар минтақаҳои гуногуни Русия фаъолият доранд. Корхонаҳои вобаста ба ӯ дар шаҳрҳои Қазон, Волгоград, Чебоксари, Нижний Новгород ва вилояти Ростов ба фурӯш ва таъмини масолеҳи сохтмонӣ машғул буда, дар бозорҳои маҳаллӣ мавқеи муайян пайдо кардаанд.
Маҳз фаъолияти муваффақи соҳибкорӣ ба Баймамадов имкон дод, ки дар миёни намояндагони диаспораи тоҷикон обрӯ ва нуфуз пайдо намояд. Дар баробари фаъолияти иқтисодӣ, ӯ солҳои зиёд ба корҳои ҷамъиятӣ низ машғул буда, яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷомеаи тоҷикони Русия ба ҳисоб меравад.

Номи ӯ пеш аз ҳама бо ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Русия – «Нур» пайванд дорад. Ин созмон яке аз қадимтарин ва маъруфтарин ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Федератсияи Русия мебошад, ки ҳадафи он ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, дастгирии ҳамватанон, мусоидат ба ҳамгироии муҳоҷирон ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои Тоҷикистону Русия мебошад.
Боймамадов дар солҳои гуногун роҳбарии ин созмонро бар уҳда дошта, дар ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва иҷтимоӣ иштироки фаъол нишон додааст. Бо ташаббуси ташкилот ҷашнҳои миллӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ, конфронсҳо ва вохӯриҳои зиёди намояндагони ҷомеаи тоҷикон баргузор гардидаанд.
Солҳои охир фаъолияти «Нур» густариш ёфта, ба масъалаҳои маориф ва тарбияи ҷавонон низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Дар назди созмон барномаҳои омӯзишӣ ва фарҳангӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ба омӯзиши забон, таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ равона гардидаанд. Ин ташаббусҳо ба нигоҳдории ҳувияти миллӣ дар миёни насли ҷавони тоҷикони муқими Русия мусоидат мекунанд.
Илова бар ин, ташкилот дар рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Русия низ саҳм мегузорад. Намояндагони он дар форумҳо, ҳамоишҳо ва чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуда, барои таҳкими муносибатҳои байни ҷомеаҳои шаҳрвандии ду кишвар саҳм мегузоранд.
Коршиносон бар онанд, ки нуфузи Алимамад Боймамадов танҳо аз имкониятҳои иқтисодии ӯ сарчашма намегирад. Солҳои тӯлонии фаъолият дар муҳити соҳибкорӣ, робитаҳои васеъ дар доираҳои ҷамъиятӣ ва нақши фаъол дар ҳаёти диаспораи тоҷикон ба ӯ мақоми яке аз чеҳраҳои таъсиргузори ҷомеаи тоҷикони Русияро додааст.
Имрӯз Алимамад Боймамадов аз ҷумлаи шахсиятҳое маҳсуб мешавад, ки фаъолияти соҳибкориро бо кори ҷамъиятӣ пайваста, барои муттаҳид сохтани ҳамватанон, ҳифзи фарҳанги миллӣ ва рушди робитаҳои Тоҷикистону Русия саҳми худро мегузорад. Маҳз ҳамин омилҳо сабаб гардидаанд, ки номи ӯ дар қатори тоҷикони таъсиргузори Федератсияи Русия зикр шавад.
(Идома дорад)
Таҳия, тарҷума ва такмили Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ