Сари сабз. Гуфтед, мегӯянд…

Яна КРИВЧЕНКО, зебосанами зодаи Тоҷикистон:

– Акнун барои муҳимтарин озмуни ҳаётам – “Миссис Мира” омодагӣ мебинам. Умедворам, ки дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ мушкиле пеш намеояд ва ман метавонам Русияро сазоворона намояндагӣ кунам ва шояд боз ҳам ба пирӯзӣ ноил шавам.

– Мо ҳам ба пирӯзии шумо умед мебандем ва боварӣ дорем, ки дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ ягон мушкил пеш намеояд. Аммо, як нуктаи нозук – агар Русияро ҳам намояндагӣ кунед, ба зодаи Тоҷикистон буданатон ишора намоед, хуб мешавад.

Шоҳрулло АБДУЛЛОЕВ, соҳибкор, сароянда, оҳангсоз ва актёр:

– Инсон наметавонад дар як вақт чанд корро бо сифати баланд анҷом диҳад. Аз ин рӯ, як корро ба анҷом нарасонида, набояд аз пайи кори дигар шуд. Ва ниҳоят, ростгӯиву ростқавлӣ пояи ҳама гуна комёбист. Маҳз ростӣ ба ӯ эътимод, обрӯ ва ҳамкорони самимӣ меорад.

– О, садқаи номатон, пас шумо чӣ гуна метавонед аз уҳдаи ҳам соҳибкорӣ, ҳам сарояндагиву оҳангсозӣ ва ҳам актёрӣ бароед? Ё нутқатон иқрор аз фаъолияти худи шумост? Умуман, иқрори хуб, мақоле ҳам ҳаст ку: “Одами ҳамакора – ҳама кораш нимкора”…

Мадина САИДАЛИЗОДА, “Хонандаи сол-2026”:

– Донишҷӯи бахши кори табобатии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳастам. Мехоҳам оянда пизишки кӯдакон шуда, ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баргардам ва бемории тифлакони ин гӯшаи дурдастро муолиҷа кунам. Чун дар ноҳияҳои дурдаст ба табибон ниёзи ҷиддӣ ҳаст.

– Хоҳишатон воқеан лоиқи ситоиш аст. Зимнан, инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки дар ноҳияҳои дурдаст ба табибони босавод бештар ниёз ҳаст. Ба ҳамин хотир, донишгоҳро бо саводи комил ва маҳорати баланд хатм кардан лозим.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *