Аз савдо ба истеҳсоли муштарак. Тоҷикистону Ӯзбекистон гардиши тиҷоратро ба $ 2 млрд мерасонанд
Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳадаф гузоштаанд, ки гардиши тиҷоратро ба 2 миллиард доллар расонанд. Ин рақам то соли 2028 пешбинӣ шудааст. Оё расидан ба он имконпазир аст?
Марҳилаи нави рушд
Ба 2 миллиард доллар расонидани гардиши тиҷорат байни кишварҳои ҳамсоя дар суханронии Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд садо дод. Албатта, ин рақами хурд нест. Нишондиҳандаи он аст, ки иқтисоди ду ҳамсоякишвар ба марҳилаи нави рушд ворид шудаанд. Дар оянда он метавонад на танҳо ба рушди ду кишвар, балки ба таҳкими тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир расонад.


Пӯшида нест, ки давоми даҳ соли охир муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз як давраи сарди муносибат ва маҳдудиятҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд. Агар то соли 2016 сарҳадҳо бештар нақши ҷудокунанда доштанд, имрӯз ба воситаи рушди савдо, нақлиёт, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои истеҳсолӣ ба омили муттаҳидкунанда табдил ёфтаанд.
Тавре Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд гуфт, ҳоло гардиши мол байни ду кишвар аз 70 миллион доллар ба беш аз 1 миллиард доллар расидааст.
Ин афзоиши бесобиқа барои минтақаи пасошӯравӣ яке аз намунаҳои муваффақи барқарорсозии робитаҳои иқтисодӣ ба шумор меравад. Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз ҳоло муносибатҳои иқтисодӣ байни ду кишвар босуръат рушд мекунанд?

Коршиноси масоили иқтисодӣ ва таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ Фарҳод Толибов бар ин назар аст, ки рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон натиҷаи се омил аст:
– иродаи сиёсӣ;
– манфиати иқтисодӣ;
– тағйироти геоиқтисодӣ дар минтақа.
Ба андешаи ӯ, пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон сиёсати минтақавии Тошканд ба таври куллӣ тағйир ёфт. Ӯзбекистон аз модели нисбатан бастаи иқтисодӣ ба модели ҳамкории фаъол бо ҳамсоягон гузаштааст.
«Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дарк карданд, ки рақобат нисбат ба ҳамкорӣ фоидаи камтар меорад. Имрӯз ҳар ду кишвар аз бозорҳои якдигар, аз шабакаҳои нақлиётӣ ва аз имкониятҳои сармоягузории муштарак манфиат мебинанд»,- мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, омили дуюм тағйироти иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад. Буҳронҳои логистикӣ, таҳримҳо алайҳи Русия ва дигар тағйирот кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро водор намуданд, ки ба рушди бозорҳои дохилии минтақа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Аз савдо ба истеҳсоли муштарак
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди муносибатҳои иқтисодӣ байни ду кишвар фаъолияти 530 корхонаи муштарак мебошад. Ба андешаи таҳлилгарон, маҳз истеҳсоли муштарак ояндаи муносибатҳои иқтисодии ду кишварро муайян мекунад. Тавре дар солҳои аввал ба назар мерасид, асосан мубодилаи молҳо рушд мекард. Ҳоло марҳилаи дигар оғоз шудааст. Ин сармоягузории пайваста ва таъсиси корхонаҳои бузурги муштарак мебошад. Ин раванд рушди иқтисоди кишварҳоро ба ҳам наздиктар мекунад. Бахшҳои дорои имкониятҳои бештар бошанд, пеш аз ҳама инҳоянд:
– нассоҷӣ ва коркарди пахта;
– саноати хӯрокворӣ;
– коркарди маъданҳо;
– истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ;
– энергетика;
– логистика ва хизматрасониҳо.
Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз беш аз 130 корхона бо сармояи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ҳамзамон, шумораи ширкатҳои дорои сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз 410 гузаштааст. Ин нишон медиҳад, ки соҳибкорони ду кишвар дигар танҳо ҳамчун шарики тиҷоратӣ не, балки ҳамчун сармоягузорони дарозмуддат амал мекунанд.
Афзоиши садкаратаи ҳамлу нақли бор байни ду кишвар яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди иқтисодӣ мебошад. Зеро нақлиёт имрӯз ба омили калидӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон табдил ёфтааст. Ба андешаи коршиносон, Тоҷикистон барои Ӯзбекистон дари муҳим ба самти Чин ва кишварҳои кӯҳистонии минтақа мебошад. Аз ҷониби дигар, Ӯзбекистон барои Тоҷикистон яке аз роҳҳои асосии дастрасӣ ба бозорҳои хориҷӣ боқӣ мемонад. Ҳар қадар инфрасохтор рушд кунад, ҳамон қадар савдо афзоиш меёбад. Зеро дар солҳои охир ду кишвар тавонистанд бисёр монеаҳои логистикиро бартараф намоянд.
Аз $ 2 миллиард то бартарии энергияи сабз
Яке аз мавзуҳои муҳим дар суханронии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд масъалаи иқтисоди сабз низ буд. Имрӯз Тоҷикистон тақрибан 98 фоизи нерӯи барқи худро аз нерӯгоҳҳои обӣ истеҳсол мекунад.
Таҳлилгарони масоили энергетикӣ ба ин назаранд, ки дар даҳсолаи оянда сармоягузорон бештар ба кишварҳое таваҷҷуҳ мекунанд, ки имкони истеҳсол бо энергияи тоза доранд. Тоҷикистон дар ин самт яке аз мавқеъҳои беҳтарини ҷаҳонро соҳиб аст.
Акнун баргардем ба ҳадафи 2 миллиард доллар расонидани гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар форуми мазкур садо дод. Оё ин воқеӣ аст? Коршиносон бар ин назаранд, ки расидан ба гардиши моли 2 миллиард доллар то соли 2028 имконпазир аст. Аммо ин кор талошҳои ҷиддиро талаб мекунад. Барои муқоиса, агар ҳаҷми кунунии савдо тақрибан 1 миллиард доллар бошад, барои расидан ба нишондиҳандаи нав афзоиши миёнаи солонаи 20-25 фоиз зарур мешавад. Ин вазифа душвор аст, вале ғайриимкон низ нест. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳанд, ки муносибатҳои иқтисодии ду кишвар метавонанд бо суръати баланд рушд кунанд. Ба андешаи таҳлилгарон, барои ноил шудан ба ин ҳадаф рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, коҳиши хароҷоти логистикӣ, рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, ҷалби сармоягузориҳои муштарак, рушди содироти маҳсулоти саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика зарур аст.
Иқтисоди нав дар Осиёи Марказӣ
Имрӯз дар Осиёи Марказӣ тамоюли нави ҳамгироии минтақавӣ мушоҳида мешавад. Ҳамаи кишварҳои минтақа дарк кардаанд, ки рушди иқтисодӣ бе ҳамкорӣ ва бозори умумии минтақавӣ душвор аст. Дар ин раванд Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд ба яке аз меҳварҳои асосии рушди иқтисодии минтақа табдил ёбанд.
Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва маъданӣ дорад, Ӯзбекистон бошад, дорои бозори калон, инфрасохтори рушдёфта ва иқтидори саноатӣ мебошад. Муттаҳидсозии ин имкониятҳо метавонад ба ташаккули занҷираҳои нави истеҳсолӣ, рушди саноати минтақавӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мусоидат намояд.
Дар солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз сатҳи ҳамсоягии одӣ ба шарикии стратегии иқтисодӣ расидаанд. Афзоиши гардиши мол аз 70 миллион доллар ба беш аз 1 миллиард доллар, фаъолияти садҳо корхонаҳои муштарак ва рушди сармоягузориҳо нишон медиҳанд, ки замина барои расидан ба ҳадафи 2 миллиард доллар вуҷуд дорад.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ