Қабули ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба таҳкими сулҳ  аз ҷониби СММ

25 июн ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қабули қатъномаи нави Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» истиқбол намуда, ин рӯйдодро барои Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ таърихӣ ва хотирмон арзёбӣ кард.

Дар паёми табрикии худ ба муносибати қабули ин қатънома Сарвари давлат мардуми Тоҷикистонро табрик гуфта, ҳамчунин ба ҳамаи кишварҳои дӯст, шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ, ки аз ташаббуси Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд, изҳори сипос кардааст.
Ба таъкиди Президенти кишвар, қатъномаи мазкур зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи тамаддунҳоро ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид намуда, ҳамаи давлатҳоро ба талош барои расидан ба сулҳи пойдор дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ даъват мекунад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки барои Тоҷикистон мавзӯи сулҳ танҳо масъалаи рӯзномаи байналмилалӣ нест, балки таҷрибаи таърихии давлатдории навини кишвар аст. Ба гуфтаи ӯ, мардуми тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ маҳз ба шарофати хиради миллӣ, фарҳанги сулҳпарварӣ ва ваҳдати миллӣ тавонистанд сулҳу суботро барқарор намуда, заминаи рушди устувори давлатро фароҳам оваранд.

Сарвари давлат таъкид кардааст, ки пешрафтҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳамчунин нақши фаъоли кишвар дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо, самараи сулҳу субот мебошанд.

Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз қабули қатъномаи ЮНЕСКО оид ба «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» ёдовар шуда, онро нишонаи эътирофи арзишҳои таърихии фарҳанги сулҳ ва ҳамзистии осоиштаи тамаддуни тоҷикон арзёбӣ кардааст.

Президенти Тоҷикистон бо ишора ба наздик шудани Рӯзи ваҳдати миллӣ, ин ҷашнро рамзи пирӯзии сулҳ, суботи сиёсӣ ва сарҷамъии миллат номида, таъкид кардааст, ки ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили рушди кишвар ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ мебошад.

Ӯ ҳамчунин зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, рушди технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисосро аз вазифаҳои муҳими даврони муосир арзёбӣ кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки Тоҷикистон ният дорад соли 2027, дар арафаи 30-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, барои оғози амалии «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор намояд.

Дар анҷоми паёми худ Президенти Тоҷикистон бори дигар шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати қабули қатъномаи нави СММ ва фарорасии Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, изҳори умед кардааст, ки ин санади байналмилалӣ ба таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва фарҳанги сулҳ дар ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *