Риёзидони тоҷике, ки соҳиби ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» шуд

Имрӯз, 26 июн академик, доктори илмҳои физикаву математика Мирганд Шабозов зодрӯз дорад. Ӯ соли 1952 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, аз чеҳраҳои шинохтаи илми риёзӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мирганд Шабозов соли 1974 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси математика хатм намуда, фаъолияти илмии худро ба таҳқиқоти соҳаи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо бахшидааст. Аз соли 1997 доктори илмҳои физикаву математика буда, соли 2008  академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар баробари фаъолияти илмӣ, ӯ солҳои 1998-2005 ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, солҳои 2005-2010 раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010-2015 муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Соли 2023 академик Мирганд Шабозов дар шаҳри Тошканд бо ҷоизаи бонуфузи «Ситораҳои Иттиҳод» сарфароз гардонида шуд. Ин ҷоиза ба олимон ва шахсиятҳое тақдим мешавад, ки дастовардҳои онҳо ба рушди илм, фарҳанг ва фаъолияти башардӯстона дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил саҳми назаррас мегузоранд. Он сол аз миёни 12 номзад аз ҳашт кишвари ИДМ танҳо ҳашт нафар соҳиби ин ҷоиза гардиданд.

Мирганд Шабозов имрӯз низ фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии худро дар факултети механика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, дар тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзанда мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки  Pressa.tj ба муносибати 70-солагии академик Мирганд Шабозов бо ӯ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом дода буд. Дар он суҳбат Мирганд Шабозов аз масъалаҳои рушди маориф, таҳсилоти кредитӣ, тарбияи математикони ҷавон ва дурнамои илми тоҷик андешаҳои ҷолиб баён дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *