Роҳи душвори сулҳ

Мусоҳиба бо узви ҳайати Музокироти сулҳи тоҷикон ва Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода

Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои таърихи навини Тоҷикистон ба шумор меравад. Аммо роҳи расидан ба он осон набуд. Солҳои тӯлонии музокирот, мулоқоту баҳсҳо ва талошҳои пайваста ниҳоят ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оварда расониданд. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо профессор Абдунабӣ Сатторзода – узви ҳайати Музокироти сулҳи тоҷикон ва Комиссияи оштии миллӣ, ки яке аз шоҳидон ва иштирокдорони бевоситаи он рӯйдодҳои сарнавиштсоз мебошад, аз лаҳзаҳои ҳасоси роҳи сулҳ, мушкилоти музокирот ва сабақҳои муҳими он барои насли имрӯз суҳбат оростем.

Одил Нозир: Шумо яке аз нахустин нафароне будед, ки 7 декабри 1993 барои оғози Музокироти сулҳи байни тоҷикон иқдом намудед. Он замон дар муҳоҷират будед. Чӣ рӯзгор ва чӣ рӯҳия доштед? Чӣ боис гардид, ки барои оғози Музокирот азм кардед?

Абдунабӣ Сатторзода: Пас аз 1 солу 7 моҳи муборизаи шадиди мусаллаҳонаи тарафҳои даргири тоҷик аз 5 майи 1992 то моҳҳои октябр ва ноябри 1993 ва расонидани хисороти ҳангуфти ҷонию молӣ, бе хонаю бе ҷою макон гардидани садҳо ҳазор шаҳрвандон, хусусан пас аз зарбаи маргбори ҷанговарони Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) ба дидбонгоҳи 12-уми нерӯҳои сарҳадии Русия дар марзи Тоҷикистон (13 июли 1993) ва то ба ағбаи Каранаки Тавилдара расидани онҳо кишварҳои хориҷии пуштибони тарафҳои даргири тоҷик – Русия, Эрон ва Ӯзбекистон ба хулосае омаданд, ки идома ва дастгирии ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон чандон ба фоидаи онҳо нест, гап-гапи зарурати созмон додани музокирот дар байни тарафҳои даргири тоҷик ба вуҷуд омад. Он вақт буд, ки 28 июли 1993 фармони Президенти ФР Б.Н.Елтсин дар бораи муътадил гардонидани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон баромад ва  пас аз се рӯз он 31 июли 1993 сардори вақти Хадамоти иктишофи хориҷии Русия Е.М.Примаков бо роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва шахсиятҳои масъули Эрон тамос гирифт. Моҳи сентябри 1993 Президенти вақти Ӯзбекистон И.А. Каримов ба номи Дабири кулли СММ нома навишт ва хостори ҳалли низои дохилии Тоҷикистон шуд. Русия ташаббускори баргузории Муколимаи тоҷикон дар чорчӯби Конфронси Дартмут (октябри 1993) гардид. Муовини аввали вазири корҳои хориҷии ФР А.Адамишин бо мусоидати ҷониби Эрон дар Теҳрон 6 декабри 1993 бо ҳайати ИНОТ – Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Отахон Латифӣ ва Абдунабӣ Сатторзода мулоқот кард. Ҳам намояндагони Русия ва ҳам масъулони Эрон ИНОТ-ро ба роҳандозии музокирот бо Ҳукумат даъват намуданд. Дар натиҷа 7 декабри 1993 ИНОТ эълом дошт, ба музокирот омодааст ва дар зери он санади бисёр муҳим имзои камина ҳам ба намояндагӣ аз Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ҳаст. ҲДТ тарафдори хатми ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезагон ва беҷошудагон ва дарёфти сулҳу оштӣ буд.

Муҳоҷирати ман ҳукми тасодуф буд. Барои иштирок дар маҷлиси Муколамаи тоҷикон дар чорчӯби Конфронси Дортмут буд. Мехостам ҳамроҳ бо иштироккунандагони ҷамъомади мазкур роҳҳои ба сулҳу оштӣ расидан дар Тоҷикистонро пайдо бикунем.

О.Н.: Дар китобатон “Арзишҳои ваҳдати миллӣ” менависед: “Душвории душвори роҳи сулҳ ва оштии тоҷикон мушкили ба рӯйи ҳамдигар, ба чашми ҳамдигар нигоҳ кардан ва даст додан буд”. Ин душворӣ, ки шумо ба он ишора мекунед, ба назар сода, вале дар асл бисёр муҳим ва барои банда дар ҳадди бовар нокарданист…Ин душворӣ чӣ гуна пушти сар шуд?

А.С.: Ман “душвории душвори роҳи сулҳ ва оштии тоҷикон” будани “мушкили ба рӯйи ҳамдигар, ба чашми ҳамдигар нигоҳ кардан ва даст додан”-ро дар рӯзи нахустини даври якуми Музокироти байни тоҷикон 5 апрели 1994 дар Маскав бо чашмони худ дидам. Ҳайати музокиракунандаи ИНОТ ба маҳали баргузории Музокирот дар қасри Спиридоновкаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар маркази Маскав барвақттар омада буд ва дар наздикии даромадгоҳ интизорӣ мекашид. Вақте ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо таъхир омад, бидуни салому алейк рост ба сӯйи маҷлисгоҳ рафт ва чунин вонамуд кард, ки ҳайати ИНОТ-ро надидааст. Вақте ки профессор Иброҳим Усмон ҳам гузашта рафтанӣ шуд, зиндаёд Отахон Латифӣ, ки роҳбарии ҳайати музокиракунандаи ИНОТ-ро ба ӯҳда дошт, бо овози баланд гуфт, ки “ҳой Иброҳим, мову ту ҳамкасбем, якдигарро хуб мешиносем, чаро салом накарда мегузарӣ?. Дигарон маро нодида гирифтанд, аммо ту барои чӣ бесалом рӯйятро гардондӣ ва салом надода гузашта рафтӣ. Ман ҳанӯз ҳам раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳастам ва ту аъзои раёсати он ҳастӣ, наход маро надида бошӣ”. Пас аз ин профессор Иброҳим Усмон аз роҳаш баргашт ва бо Отахон Латифӣ ва аъзои дигари ИНОТ вохӯрдӣ кард.

Ин саҳна бесабаб набуд, зеро тарафҳои тоҷикӣ то он рӯз се солу 3 моҳ якдигарро дар рӯзномаву радиою телевизион ва пушти минбарҳо хуб носазо гуфтанд, росту дурӯғи зиёде гуфтанд, ҳақорату дашномҳо доданд,  туҳмат заданд, хоин ва душмани миллат хонданд ва дар муқобили ҳамдигар яроқ бардоштанд ва хуни ҳамдигарро рехтанд. Бинобар ин  дар дилҳову дар сарҳои хеш нисбат ба якдигар ғайр аз нафрату хусумат ва душманӣ чизи дигаре надоштанд. Аммо бо гузашти андак муддате аз Музокирот онҳо чунон бо ҳам унс гирифтанд ва наздик шуданд, ки рӯзномаи маъруфи русӣ “Независимая газета” он рӯзҳо навишта буд, ки  “тоҷикон мардумони аҷибанд” (“таджики странный народ”) бо ҳам дар ҳолати ҷанг қарор доранд, аммо ҳанггоми вохӯрӣ ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд ва бӯсобӯс мекунанд”. Чунин рафтори барои бегонагон аҷиб дар асл барои тоҷикон табиӣ буд. Зеро онҳо бо ҳам ҷанг карданӣ набуданд, ин ҷанг барояшон ба истилоҳи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон “ҷанги таҳмилӣ” буд. Тоҷикон маъмулан бо ҳам дар баъзе масъалаҳо даъво доштанд, баҳс мекарданд, аризаи шикоятӣ  менавиштанд, ба мақомоти расмӣ арз мекарданд, вале ҳеҷгоҳ ба сари ҳамдигар яроқ набардошта буданд. Ин кори баъзе қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ буд, ки ба хотири баровардани манфиатҳои геополитикии худ ҷанги шаҳрвандиро ба сари тоҷикон таҳмил намуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Аҳмадшоҳи Масъуд

О.Н.: Дар ҷараёни Музокирот кадом давра ё лаҳза аз ҳама ҳассос ва сарнавиштсоз буд, ки эҳтимоли ноком шудани раванди сулҳ вуҷуд дошт?

А.С.: Бояд таъкид намоям, кираванди Музокироти сулҳи байни тоҷикон чандон осон набуд, ноҳамвор буд. Ин мушкилиҳо аз даври якуми Музокирот оғоз гардида буданд ва хатари ноком шудани раванди сулҳро бо худ ҳамроҳ доштанд. Тавре ки маълум аст, даври якум 5 апрел 1994 шурӯъ шуд ва то 19 апрел давом кард. Дар тӯли ин 14 рӯз “ҷонибҳои муҳтарам” (таъбири Абдумаҷид Салимов)-и Музокирот танҳо сари як масъала – ворид намудан ё нанамудани баррасии масъалаи сиёсӣ ба рӯзномаи Музокирот баҳси дурудароз ва шадид бо ҳам карданд. Тарафи ИНОТ пешниҳод карда буд, ки ворид намудани баррасии масъалаи сиёсӣ ҳатмист. Аммо тарафи ҳукумат қотеъан зидди он буд. Ҳайати ҳукуматӣ масъалаи бозгардондани гурезаҳоро асосӣ мешуморид. Ва пофишорӣ дошт, ки рӯзномаи даврҳои баъдии Музокирот маҳз ҳамин масъала бояд шавад, на масъалаҳои дигар, хосса масъалаҳои сиёсӣ. Дар охирин рӯзҳои даври аввали Музокирот 12 апрел 1994 ҳайати ҳукуматӣ баъди машварату маслиҳат бо роҳбарони Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндаҳои кишвари асосии пуштибонашон Русия ва маслиҳату машварати Намояндаи вижаи СММ дар Музокирот ҷаноби Рамиро Перис Баллон  розигӣ дод ва бо ҳамин даври аввали Музкирот асосан ба охир расид.

Масъалаи дигаре, ки хатари қатъ гардидани раванди Музокирот ба он вобастагӣ дошт, масъалаи оғози баррасии масъалаҳои сиёсӣ буд. Ҳар дафъае, ки ин масъала аз тарафи ҳайати ИНОТ дар давраҳои  баъдинаи Музокирот матраҳ мегардид, ҳайати ҳукуматӣ муқобилат нишон медод, аз ҷумла дар даври дуюм дар Теҳрон (18-27 июни 1994), даври сеюм дар Исломобод (20 октябр – 2 ноябри 1994) ва чаҳорум дар Олматӣ (21 май – 1 июни 1995). Ва ҳар дафъа, ки тарафи Ҳукумат ба баррасии ин масъала монеъ мешуд, вазъият дар ҷабҳаҳо, дар майдонҳои ҷанг бад мешуд ва хавфи қатъи Музокирот пеш омад. Тарафҳо, албатта бо маслиҳату машварати Намояндаи вижаи СММ дар Музокирот ва мувофиқати кишварҳои хориҷии тарафдорашон розӣ шуданд, ки ин масъаларо дар даври давомдори Музокирот дар Туркманистон (30 ноябри 1995 – 21 июли 1996) ҳаллу фасл намоянд. Мутаассифона, даври давомдор низ ба он мусоидат накард. Оқибат ҷонибҳо, Ҳукумати Тоҷикистон, кишварҳои дахлдори хориҷӣ розӣ шуданд, ки масъалаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд. Ниҳоят, дар Бишкек дар Мулоқоти навбвтии Президенти Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ “Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ” ба имзо расид ва хавфи шиддат гирифтани муборизаи мусаллаҳонаи тарафҳо аз миён бардошта шуд.

Масъалаи аз ҳама ҷанҷолбарангез масъалаи тақсими ҳукумат буд. Дар замина пешниҳодҳои гуногун карда шуданд, аз тақсими баробари ҳукумат – 50% бар 50% то 35% бар 65%, 40% бар 60% ва ниҳоят 30% бар 70%. Барои ҳалли ин масъала дар шаҳри Машҳади Эрон 20 феврали 1997  Вохӯрии дар сатҳи олии Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид ва дар ҷараёни он мувофиқа шуд, ки ИНОТ ба 30% қудрати сиёсии кишвар шарик шавад.

О.Н.: Дар байни ҳайатҳои музокиракунанда ихтилофҳои асосӣ бештар дар кадом масъалаҳо ба миён меомаданд ва онҳо чӣ гуна ҳал мешуданд?

А.С.: Росташро бигӯям, дар байни ҳайатҳои музокиракунанда дар маҷмӯъ ҳеч гуна ихтилофе, на асосӣ ва на ғайриасосиро, ман мушоҳида накардаам. Ихтилоф дар миёни дастурҳое, ки аз тарафи роҳбарони тарафҳо ва кишварҳои хориҷии ҳимоятгарашон дода мешуд, вуҷуд дошт. Он вақт барои рафъи ихтилофҳо Намояндаи вижаи СММ дар Музокирот  бо роҳбарони ҳайати тарафҳои Музокирот, бо ҳайати музкиракунандагони ҳар ду тараф ва дар ниҳоят бо намояндагони кишварҳои хориҷии манфиатдор ва гоҳо дар зарурат бо роҳбарори аввали тарафҳо маслиҳату машварат мекард.

О.Н.: Шумо борҳо аз нақши созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои нозир ёдовар шудаед ва ҳатто чанд бор ҳам таъкид ҳам кардаед, ки бе ҳузури онҳо сулҳи тоҷикон имкон надошт. Дар иртиботи ин суоле дар мавриди нақши Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддини Раббонӣ мехоҳам бипурсам.

А.С.: Дарвоқеъ, бидуни тардид,нақши созмонҳои байналмилаӣ, хосса СММ ва зерсохторҳои он, кишварҳои нозир дар раванди дарёфти сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон бузург мебошад ва боз ҳам такрор мекунам, ки бе ҳузури бевосита ва фаъоли онҳо таъмини сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон  номумкин буд. Боре навишта будам, ки  агар раванди сулҳи тоҷикон бидуни сарпарастии СММ ҷараён мегирифт, ман гумон мекунам, ки ба зудӣ ба мақсад намерасидем. Ҳамоҳангсозии кишварҳои гуногуне, ки дар воқеъаҳои Тоҷикистон манфиатдор буданд ва дар раванди сулҳи тоҷикон шарик буданд, фақат аз тарафи СММ сурат мегирифт. Дастгирӣ ва мадади ҳукумати профессор Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар пазируфтану сарпаноҳ додани гурезагони тоҷик ва тарғибу ташвиқ ва далолати роҳбарони тарафҳои даргири тоҷик ба сулҳу оштӣ бузург мебошад.

О.Н.: Оё дар рафти Музокирот лаҳзае буд, ки Шумо воқеъан аз ноком шудани раванди сулҳ тарсидед ё умедатонро кандед? Он лаҳза чӣ гуна сипарӣ шуд?

А.С.: Ба ин саволатон қаблан ҷавоб дода будам. Ҳоло фақат таъкид менамоям, ки истодагарӣ дар роҳи дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ ва таъмини амну осоиши мардум ва ҳифзи якпорчагии кишвар ва истиқлоли он ва эътимоду боварӣ ба раванди сулҳ ба мо мадад расонданд.

О.Н.: Кадом марҳилаи гуфтушуниди сулҳи тоҷиконро барои расидан ба созиши ниҳоӣ сарнавишсоз медонед?

А.С.: Гуфтушунидҳое, ки дар Хустдеҳи Афғонистон (10-11 декабри 1996),  Бишкек (16-18 майи 1997) ва Машҳад (20 феврали 1997) дар қолаби вохӯриҳо дар сатҳи олӣ миёни Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари оппозисиони тоҷик раҳматӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор шуданд, бағоят муҳим буданд. Шарҳи онҳо дар боло дар мавридҳои вобаста ба онҳо баён гардида буданд.

О.Н.: Шумо аз мухолифин яке аз нахустин нафароне ҳастед, ки ба Ватан баргаштед ва фаъолиятҳоятонро дар кишвар идома додед. Дар китоби “Арзишҳои Ваҳдати миллӣ” аз як лаҳзае ёдовар мешавед, ки ба ҷони шумо хатар таҳдид мекард ва профессор Иброҳим Усмонов низ ба онҳо дар як мақолаашон ишора мекунанд. Умуман, чанд маротиба хатари маргро эҳсос кардед ва чӣ шуморо ба оянда умедвор мекард?

А.С.: Дар замони фаъолиятам ҳамчун узви Комиссияи муштараки оташбас борҳо дар ваъияти душвор рӯбарӯ будам. Соли 1996 буд. Мо – аъзои Комиссияи муштараки оташбас дар шаҳраки Ғарм будем. Вазъ, ба истилоҳ, дар он ҷо муташанниҷ буд. Нерӯҳои оппозитсион ба маркази шаҳраки Ғарм даромада буданд, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти ноҳияро гирифта буданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ, гурди президентӣ аз сӯйи Душанбе ба сӯйи Ғарм ҳаракат дошт ва ба наздикиҳои маркази ноҳияи Дарбанд расида буд. Ман ва намояндаи идораи  амнияти Ҳукумат раҳматӣ Юрий Иванович Федюшкин субҳи барвақт барои пешгирии ҳаракати нерӯҳои ҳукуматӣ ба Нуробод рафтем ва аз онҳо хоҳиш кардем, ки дигар ба сӯйи Ғарм ҳаракат накунанд. Дар бозгашт мошини моро дар пости Лаби Ҷар боздоштанд ва сарироҳамонро гирифтанд. Юрий Иванович пиёда шуд ва хост бифаҳмад, ки чӣ шуда, чӣ рух додааст. Маълум шуд, ки ҳамон саҳар дар Тоҷикобод падари қумондони пости Лаби Ҷар кушта шудааст ва хабари марги вай дар ҳамон лаҳзаҳо расидааст. Раҳматӣ 63 сол доштааст ва лақабаш «Дед беспредел» будааст. Писараш дар ҳамин вазъият ва ҳолат баробари донистани он ки дар дохили мошини Созмони Милали Муттаҳид намояндаи оппозитсия нишастааст, ба сӯйи мошин ҳамла овард ва хост, ки дарро боз кунад ва маро аз он ҷо берун оварад. Юрий Иванович бо истифода аз нуфузи хеш, ниҳоде, ки аз он намояндагӣ мекард ва ҳам нерӯи ҷисмониаш бо ду дастони пурқувваташ қумондони падармурдаро аз назди мошин дур кард ва намояндаи оппозитсияро аз марги роста наҷот дод.

Бори дигар вақте ки Созишнома байни қумандонҳои ҳукуматӣ ва қумондонҳои гугӯҳи Ғарми ИНОТ дар шаҳраки Ғарм ба имзо расид, моро намояндагони ИНОТ, аз ҷумла Мирзохӯҷа Низомов, Ҷалолиддин Маҳмудов ва бандаро ба Толиқон даъват намуданд. Мо рафтем, вале бехабар аз он ки масъули амниятии ҲНИТ (созмони террористӣ ва экстремистии фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ. – идора) Мулло Абдулло нақшаи ҳабс ва қатли моро доштааст ва ғ.

Рафти воқеаҳо чунин сурат гирифтанд, кивақте  эҳтимоли баргузории Музокироти сулҳи байни тоҷикон ба вуҷуд омад, раиси ҲДТ Шодмон Юсуф ва ҷонишини якуми он проф. Раҳими Мусулмониён аз иштирок дар Музокирот худдорӣ намуданд ва ваколатро ба бандасупориданд. То он вақт ман дар Маркази координатсинии нерӯҳои оппозитсиони тоҷик дар Маскав аз ҲДТ намояндагӣ мекардам. Ба ҳамин монанд, вақте ки масъалаи рафтани намояндаи ИНОТ ба Душанбе ҳамчун узви Комиссияи муштараки  назорат бар “Созинома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар”  ба миён омад, касе майл нанамуд, ки аъзои Комиссия шавад. Зеро вазъ дар Тоҷикистон, хосса дар Душанбе ва гирду атрофи он, ба қавли маъруф муташанниҷ буд. Ҳамагӣ чанд муддат пеш аз омадани ман ба Душанбе дар рӯзи рӯзона пеши чашми ҳама кас дар назди бозори “Шоҳмансур” як узви комиссияи мазкур аз ҷониби оппозитсияро рабуда буданд ва ӯ беному нишон буд. Ба ҳамин муносибат баъзе аз дӯстони наздикам маро “пешмарга” мегуфтанд ва маломат мекарданд, чаро худро дидаву дониста қурбон карданӣ ҳастӣ. Солҳо баъд бароям маълум шуд, ки чаро роҳбарони аввали ҲДТ ва аъзои ИНОТ худдорӣ мекарданд. Онҳо ба натиҷаи мусбати Музокирот ва раванди сулҳ эътимод надоштанд.

Лаҳзаи имзои Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, Москва, 27 июни соли 1997

О.Н.: Вақте 27 июни соли 1997 Созишномаи сулҳ ба имзо расид, аввалин эҳсос ва андешаи шумо чӣ буд?

А.С.: Шукр кардам, ки ба ҳамин рӯзи мурод расидем ва замина барои кору фаъолияти аслиам муҳайё гардид.

О.Н.: Дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ ва сулҳи тоҷикон китобу мақолаҳо зиёд навишта шудааст. Пешвои миллат дар ин маврид гуфтаанд: “Бисёриҳо китоб менависанд, аммо дурӯғ менависанд”…Шумо сатҳи омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷиконро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Хонандаи одӣ, ҷавонони имрӯза ин ҳама китобу мақоларо мехонад, ҳақро аз ботил чӣ гуна фарқ гузорад?

А.С.: Сад дар сад ҳақ ба ҷониби Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Он кас дар суханроние дар ҷамъбасти Конфронси байналмилалӣ рӯзи 25 июни 2007  гуфта буданд: “Бисёриҳо китоб менависанд, аммо дурӯғ менависанд. Аз худ қаҳрамон метарошанд. Навиштаҳои холисона даркор аст. Бояд онҳое, ки бевосита шоҳиданд, нависанд”. Эътироф бояд кард, ки корҳое, ки дар ин замина то ба имрӯз ба анҷом расидаанд, на танҳо нокифоя мебошанд, балки воқеъияти раванди мазкурро, ки басо мураккаб ва пурпечутоб аст, чунонки бояд ба пуррагӣ ва дурустӣ, инъикос намекунанд. Барои он ки ҷавонони имрӯза аз вазъи воқеии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва раванди сулҳу оштӣ бохабар бошанд, тақиқи ин масъалаҳои бисёр муҳим дар Маркази алоҳида ва бо иштирок донишмандони огоҳ ва ҷалби иштирокдорону шоҳидони бевоситаи воқеъаҳои он соҳо аз рӯйи барномаи санҷидашуда ва пухта амалӣ гардад. Ин кор бидуни гирдоварии санадҳои марбут ба Музокирот ва ҷанги шаҳрвандӣ номумкин аст.

О.Н.: Дар мақолаи пррофессор Иброҳим Усмонов, ки зикраш дар боло рафт, гуфта мешавад, ки шумо аз ангуштшумортарин иштирокчиён сулҳи тоҷикон ҳастед, ки асноди Музокиротро дар даст доред ва хотироти худро дар замонаш сабт кардаед. Оё навиштани як рисолаи комил ё китоби хотира аз ин равандро дар нақша надоред?

А.С.: Бале, профессор Иброҳим Усмон дуруст мегӯянд. Санадҳои Музокирот ва пешнависҳои онҳо дар дасти ман, худи иштирокдорони Музокирот ва шоҳидони он рӯзҳо ҳаст. Онҳоро бояд дар як ҷо гирд овард ва ҳифз кард. Навиштани рисолаву китобҳои илмӣ ва хотираҳо кори савоб ва зарурӣ мебошад. Ин корро ҳатман кардан даркор аст. Аммо ман дар навбати аввал як силсила  корҳоеро бояд анҷом диҳам, ки ба риштаи тахассусии худам, адабиёт, нақд ва адабиётшиносӣ дахл доранд.  

О.Н.: Насли ҷавони Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро надидааст. Ба андешаи шумо, чӣ гуна метавон арзиши сулҳ ва ваҳдати миллиро ба онҳо дуруст фаҳмонд?

А.С.: Бо таълифи китобу рисолаҳо, ҷорӣ намудани омӯзиши дарси таҷрибаи суҳи тоҷикон дар мактабу донишкадау донишгоҳҳо. Солҳо пеш бо пешниҳоди камина дарси “Таҷрибаи суҳи тоҷикон” ба барномаи таълими факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷорӣ шуда буд.

Аммо бо таассуф бояд эътироф намуд, ки бо ин ҳама ҳанӯз ҳам ҷомеаи тоҷик бо сипарӣ шудани 29 сол аз натиҷаҳои раванди сулҳ ва сабақҳои он  ба андозаи лозима маълумоти саҳеҳ ва дуруст надорад. Ба замми ин дар ин фосилаи замонӣ насле ба воя расид, ки аз асли воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта ва раванди сулҳу оштии миллӣ бехабар аст.

Бисёриҳо бехабар аз онанд, ки дар асл ин муноқишаву низоъ миёни минтақаҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ва мардумии Тоҷикистон, агар дуруст ва мунсифона мулоҳиза шавад, тарҳрезшуда ва таҳмилӣ аз хориҷ  буд.

Ҳамватанони мо бехабар аз онанд, ки кишварҳои манфиатхоҳи минтақа ва дуру наздик он солҳо бо сӯистифода аз ноаҳлӣ ва ноиттифоқии мо дар ҳалли масъалаҳоямон ба корҳои дохилии кишварамон ба таври ошкоро ва бе ҳеч истиҳола дахолат менамуданд ва бо дасти худиҳоямон теша ба решаи ваҳдати миллат ва давлату давлатдории миллиамон мезананд. Ин «дӯстони нонии» мо ҳанӯз ҳам аз ниятҳои шуми худ даст накашидаанд ва дар паси дару деворҳои мо гӯш ба қимор истодаанд ва тайёранд, ки бо истифода аз хурдтарин ҳамдигарнофаҳмиҳои мо ба майлу муроди худ истифода намоянд ва чанд боигарии боқимондаамонро низ  аз худ намоянд.

О.Н.: Ба назари шумо, Ваҳдати миллӣ имрӯз ба бо кадом таҳдидҳо ё чолишҳо рӯ ба рӯ аст ва барои ҳифзи он чӣ бояд кард? Махсусан, дар ин шабу рӯзҳо, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба қавле дару дарвоза надоранд ва сели иттилоотро пешгирӣ кардан имкон надорад.

А.С.: Таҳдид ва чолишҳои асосие, ки ба Ваҳдати миллӣ ба назар мерасанд, ба мушоҳидаҳои ман инҳоянд:

1. Матаассифона, ҳанӯз ҳам андешаи ваҳдати миллӣ, ба андозае, ки лозим аст, ба рукни асосии фарҳанги амалӣ мо дар зиндагии рӯзмарраи мо табдил наёфтааст;

2. Ҳанӯз ҳам ғолибан ваҳдати милӣ дар сатҳи шиору хитоба боқӣ мондааст. Инро ҳам дар навишта ва суханрониҳои сиёсатмадорон, ҳам олимону адибон ва рӯзноманигоронам мушоҳида мекунем.

О.Н.: Агар таърихи Музокироти сулҳи тоҷиконро дар як ҷумла хулоса кунед, муҳимтарин дарсе, ки Тоҷикистон аз он гирифт, чӣ аст?

А.С.: ҲифзиИстиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, таъмини мафиатҳо ва амнияти миллӣ вобаста ба он аст, мо муттаҳид бошем ва  миллати комил шавем.  Соли 2012 дар Рӯзи Ваҳдат Президенти муҳтарами кишвар ба зарурати таҳияи чунин Барномаи умумимиллӣ таъкид карда буданд.

О.Н.: Чӣ паёме дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба мардуми кишвар доред?

А.С.: Ваҳдатро ҳифз кунед ва миллати комил шавед.

Мусоҳиб Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *