Ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ

Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, яке аз муҳимтарин санаҳои таърихии давлатдории навини тоҷикон маҳсуб мешавад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 барои халқи тоҷик на танҳо поёни низои шаҳрвандӣ, балки оғози марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии субот ва пешрафт барои татбиқи барномаҳои бузурги давлатӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун ноил гардид. Амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.

Имрӯз ҷаҳон ба марҳилаи нави рушд – давраи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ ворид шудааст. Дар чунин шароит давлатҳое метавонанд рақобатпазир бошанд, ки аз имкониятҳои технологияҳои муосир самаранок истифода намоянд. Тоҷикистон низ бо такя ба сулҳу суботи сиёсӣ ва сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар қадамҳои устуворро дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ мегузорад.

Дар солҳои охир бо ташаббусҳои Пешвои миллат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иқдомҳои муҳими стратегӣ дар самти рақамикунонӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, қабул гардидани Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021–2025, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими давлатӣ мебошанд, ки ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар мусоидат менамоянд.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд, ки ин иқдом аҳамияти стратегии рушди технологияҳои рақамиро барои ояндаи мамлакат боз ҳам равшантар намуд. Дар доираи ин ташаббусҳо татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, рушди ҳукумати электронӣ, дастгирии соҳибкории рақамӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самти технологияҳои иттилоотӣ вусъат пайдо кардааст.

Дар доираи татбиқи ин сиёсати дурбинона як қатор иншооти муҳими рақамӣ ва инноватсионӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, 29 октябри соли 2024 Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Озмоишгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ ифтитоҳ гардиданд, ки барои рақамикунонии хизматрасониҳо ва мутобиқсозии соҳаи нақлиёт ба стандартҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Ҳамчунин, 7 апрели соли 2025 нахустин Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт, ки барои рушди стартапҳо, соҳибкории рақамӣ ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод имкониятҳои нав муҳайё намуд.

20 июни соли 2025 бинои нави маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» ба истифода дода шуд. Ин муассиса дар татбиқи лоиҳаҳои «Нақлиёти ҳушманд», «Таълими ҳушманд», «Тибби ҳушманд», «Шаҳри бехатар», «Харитаи электронӣ» ва дигар лоиҳаҳои рақамии пойтахт нақши муҳим дорад.

Инчунин, 25 июни соли 2025 дар ноҳияи Дарвоз маркази ҳисоббарории зеҳни сунъии «Darya AI» ифтитоҳ гардид, ки ҳамчун яке аз аввалин марказҳои муосири коркарди додаҳо ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар минтақа арзёбӣ мешавад.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими соли 2026 оғози сохтмони маҷмааи муосири «IT Hub Dushanbe» мебошад, ки 9 июни соли 2026 бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ санги асоси он гузошта шуд. Ин маҷмаа аз Мактаби IT, IT Park Dushanbe, Маркази тиҷоратии технологияҳои иттилоотӣ ва Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ иборат буда, ба яке аз марказҳои асосии рушди технологияҳои рақамӣ дар минтақа табдил хоҳад ёфт.

Мактаби IT-и шаҳри Душанбе барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи технологияҳои рақамӣ пешбинӣ гардида, барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил ва такмили ихтисосро фароҳам меорад. Ҳамзамон, IT Park Dushanbe ҳамчун муҳаррики рушди стартапҳо ва соҳибкории рақамӣ амал намуда, барои татбиқи идеяҳои навоварона ва рушди маҳсулоти рақамии ватанӣ шароити мусоид муҳайё месозад.

Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ, ки дар доираи ҳамин маҷмаа таъсис меёбад, аҳамияти махсус дорад. Имрӯз зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои калидии рушди ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, маориф, тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ васеъ истифода мешавад.

Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ низ тақвият ёфта истодааст. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул намуд. Қабули ин санади муҳим аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бори дигар эътибор ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ нишон дод.

Ташаббуси мазкур ба истифодаи масъулона, одилона ва самараноки технологияҳои зеҳни сунъӣ барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии давлатҳо равона гардида, заминаи мусоиди ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти омӯзиш, таҳқиқот, рушди инфрасохтор ва танзими ҳуқуқии технологияҳои нав фароҳам месозад. Ин иқдоми Пешвои миллат шаҳодати равшани он аст, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо иштирокчии равандҳои ҷаҳонии рақамикунонӣ, балки яке аз пешниҳодкунандагони ташаббусҳои муҳим дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ низ ба самти нави дипломатияи байналмилалии кишвари мо табдил ёфта, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҷонибдори истифодаи технологияҳои нав ба манфиати рушди устувор тақвият мебахшанд.

Дар солҳои охир дар кишвар як қатор лоиҳаҳои муҳими рақамӣ татбиқ гардидаанд. Роҳандозии портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди пардохтҳои электронӣ, рақамикунонии низоми андоз ва энергетика, ташкили форумҳои байналмилалии «Digital Tajikistan» ва рушди экосистемаи стартапӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар ин самт мебошанд.

Дар пойтахти кишвар татбиқи консепсияи «Шаҳри ҳушманд» низ намунаи равшани истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии шаҳр ба шумор меравад. Лоиҳаҳои «Нақлиёти ҳушманд», «Таълими ҳушманд», «Тибби ҳушманд», «Шаҳри бехатар» ва дигар ташаббусҳои рақамӣ ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳо маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида истодаанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бе суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ татбиқи барномаҳои бузурги иқтисодӣ ва технологӣ ғайриимкон аст. Ваҳдати миллӣ барои рушди сармояи инсонӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва пешрафти илм заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон имконият доранд, ки дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, таҳлили додаҳо, киберамният ва зеҳни сунъӣ дониш ва малакаҳои муосир аз худ намоянд. Ин омил барои ташаккули насли нави мутахассисон ва таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ ва иқтисоди рақамӣ ду омили ба ҳам пайвастаи рушди Тоҷикистони муосир мебошанд. Агар ваҳдати миллӣ асоси субот ва амнияти давлат бошад, иқтисоди рақамӣ муҳаррики пешрафти иқтисодӣ ва рақобатпазирии кишвар дар асри XXI маҳсуб меёбад. Танҳо дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ метавон ҷомеаи рақамӣ, инноватсионӣ ва муосирро бунёд намуда, ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшид.

Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи технологияҳои муосир роҳи муҳимтарини расидан ба ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.

ҒАФОРЗОДА Фируз Муҳридин,

муовини ректори ДТТ оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *