Ҷасади Алишер Мирзонабот пайдо шуд
Ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайдо шудааст.
Дар ин бора Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҷасад имрӯз, 26-уми июн, дар пайи идомаи корҳои ҷустуҷӯӣ тақрибан 20 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки мошини хидматии Алишер Мирзонабот рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шуда, ба дарё сарозер гардида буд. Ӯ ҳамроҳ бо чанд нафар аз Душанбе ба самти ВМКБ ҳаракат мекард.
Пас аз ҳодиса наҷотдиҳандагон ва сохторҳои дахлдор корҳои ҷустуҷӯиро дар минтақаҳои поёноби дарё идома медоданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ